КӮШОНИЁН: ИШТИРОК ДАР МАЪРАКАИ НИҲОЛШИНОНӢ ВА БОЗДИД АЗ ҚИСМИ НИЗОМИИ №07017
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 20 феврал, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 0
![]()
Имрӯз, 20 феврал, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ ба ноҳияи Кӯшониён дар маъракаи ниҳолшинонӣ иштирок намуда, ҳамзамон аз шароити будубоши сарбозону афсарони қисми низомии №07017 боздид намуданд.
Маъракаи ниҳолшинонӣ дар доираи тадбирҳои ободониву сабзкорӣ баргузор гардида, ҳадаф аз он тақвияти фарҳанги экологӣ, беҳтар намудани муҳити зист ва ободу зебо гардонидани маҳал мебошад. Раиси вилоят бо иштироки фаъолона дар шинонидани ниҳолҳо таъкид намуданд, ки сабзкорӣ ва ҳифзи муҳити зист омили муҳими солимии ҷомеа ва мероси арзишманд барои наслҳои оянда ба шумор меравад.
Раиси вилоят бо шароити хизмат, таъминоти моддию техникӣ, вазъи хобгоҳҳо, ошхона ва дигар инфрасохтори қисми ҳарбӣ шинос гардиданд. Зимни суҳбати самимӣ бо сарбозону афсарон онҳоро ба муносибати Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, зикр карданд, ки хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ мактаби шуҷоат, мардонагӣ ва ватандӯстӣ мебошад.
Таъкид гардид, ки таҳкими иқтидори мудофиавии кишвар ва таъмини оромиву субот аз вазифаҳои муқаддаси ҳар як хизматчии ҳарбӣ маҳсуб меёбад. Ҳамзамон зарурати тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи худшиносиву ватандӯстӣ ва садоқат ба арзишҳои миллӣ муҳим арзёбӣ шуд.
Дар доираи боздид ба китобхонаи қисми ҳарбӣ беш аз 200 нусха адабиёти бадеӣ тақдим гардида, инчунин як миқдор маводи ғизоӣ ба сарбозон дастрас карда шуд. Ин иқдом ҳамчун нишонаи ғамхорӣ ва дастгирии хизматчиёни ҳарбӣ пазируфта гардид.
Ба ифтихори Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳайати шахсӣ зиёфати идона ороста шуда, фазои идонаву рӯҳбаландӣ ҳукмфармо буд.
Мунавваршои ЗАФАР, "Хатлон"
-
5-02-2026, 11:34
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...