Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » КӮШОНИЁН: БОЗДИД АЗ РАФТИ НАШЪУНАМОИ САБЗИИ БАРВАҚТӢ ДАР ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ «БЕГИҶОН»


КӮШОНИЁН: БОЗДИД АЗ РАФТИ НАШЪУНАМОИ САБЗИИ БАРВАҚТӢ ДАР ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ «БЕГИҶОН»





Имрӯз, 20 феврал, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ ба ноҳияи Кӯшониён аз ҷараёни самаранок истифодабарии замин ва нашъунамои сабзии барвақтӣ дар хоҷагии деҳқонии «Бегиҷон», воқеъ дар деҳаи Элти, боздид намуданд.

Зимни шиносоӣ бо фаъолияти хоҷагӣ иттилоъ дода шуд, ки масоҳати умумии заминҳои хоҷагии деҳқонии «Бегиҷон» 5,75 гектарро ташкил медиҳад. Аз ин миқдор дар 4,20 гектар сабзӣ кишт гардида, инчунин дар 0,11 гектар карам ва 0,20 гектар гандум парвариш меёбад. Тавсеаи кишти сабзии барвақтӣ дар чунин масоҳат нишонаи таваҷҷуҳи ҷиддӣ ба таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти тару тоза ва вусъат бахшидани истеҳсолот мебошад.

Раиси вилояти Хатлон зимни суҳбат бо деҳқонон ба истифодаи самараноки ҳар ваҷаб замин, риояи қоидаҳои агротехникӣ ва баланд бардоштани ҳосилнокӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, фаъолияти хоҷагиро намунаи ибрат арзёбӣ карданд. Таъкид гардид, ки рушди соҳаи кишоварзӣ ва афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти босифат заминаи асосии таъмини амнияти озуқавории кишвар ва фаровонии бозори истеъмолӣ ба ҳисоб меравад.

Дар фарҷом ба масъулон ва кишоварзон ҷиҳати густариши кишти зироатҳои барвақтӣ, истифодаи технологияҳои муосири обёрӣ ва баланд бардоштани маданияти заминдорӣ дастуру тавсияҳои мушаххас дода шуд.

Мунавваршои ЗАФАР, "Хатлон"

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода