Истеъмоли аз ҳад зиёди равғани зард боиси дилбеҳузурии 48 нафар шуд
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 26 январ, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 359
Мавҷудияти аз ҳад зиёди равғани зард ҳангоми истеъмоли таоми қурутоб 24 январ боиси сироятёбии 48 сокини деҳаи Чагами нави ноҳияи Шамсиддини Шоҳини вилояти Хатлон гардид. Хушбахтона, натиҷаи таҳлилҳои озмоишгоҳӣ нишон дод, ки шаҳрвандон ба ягон ҳолати заҳролудшавӣ мубтало нашудаанд. Танҳо истеъмоли аз ҳад зиёди равғани зард дар қурутоб боиси дилбеҳузурии онҳо гардидааст. Дар ин бора маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат иттилоъ додааст.
Манбаъ афзуд, ки 24 январ, соати 08:00-и субҳ, пас аз истеъмоли хӯроки қурутоб 48 нафар аз сокинони деҳаи мазкур дар худ дилбеҳузурӣ ҳис намуданд. Дар натиҷаи андешидани тадбирҳои зарурӣ 24 нафари онҳо дар Беморхонаи сироятии шаҳри Кӯлоб ва 24 нафари дигар дар Беморхонаи ҷамоати деҳоти мазкур бистарӣ карда шуданд. Ба иттилои масъулин, ҳангоми ворид шудани маризон ба беморхонаҳо ҳолати онҳо нисбатан қаноатбахш арзёбӣ карда шуд. Хушбахтона, дар байни онҳо беморони вазнин набуд.
Беморон як шабонарӯз дар беморхонаҳо таҳти назорати табибон қарор гирифта, 25 январ дар ҳолати қаноатбахш ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд. Онҳо дар айни замон таҳти назорати табибони оилавӣ қарор доранд.
http://khatlon-ruznoma.tj/
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00