Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » Интихоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон


Интихоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон


19 феврали соли 2023 дар ҳавзаҳои интихоботии Восеъ №27, Қубодиён №40 ва Ҷалолиддини Балхӣ №41 ба ивази вакилони хориҷшуда интихоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон баргузор мегардад. Дар ин бора аз Комиссияи вилоятии интихобот оид ба интихоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон ба рӯзномаи “Хатлон” иттилоъ доданд.

Дар асоси Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» дар ҳавзаи интихоботии Восеъ №27 Алиахмедов Ҷомӣ Мираҳмадович - соли таваллудаш 1968, котиби Ҷамоати деҳоти «Тугарак»-и ноҳияи Восеъ, узви ҲАТ, истиқоматкунандаи ноҳияи Восеъ, Шарифзода Ҷамшед Раҳмон - соли таваллудаш 1967, раиси ноҳияи Восеъ, узви ҲХДТ, истиқоматкунандаи ноҳияи Восеъ, дар ҳавзаи интихоботии Қубодиён №40 Давлаталӣ Саид - соли таваллудаш 1970, иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Хатлон, узви ҲХДТ, истиқоматкунандаи шаҳри Бохтар, Қосимов Маҳмуд Искандарович- соли таваллудаш 1985, роҳбари хоҷагии деҳқонии “Мақсуд”-и ноҳияи Қубодиён, узви ҲАТ, истиқоматкунандаи ноҳияи Қубодиён, дар ҳавзаи интихоботии Ҷалолиддини Балхӣ №41 Холмурод Раҳмон - соли таваллудаш 1964, иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, узви ҲХДТ, истиқоматкунандаи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, Ширинов Мирсаид Маҳмудович - соли таваллудаш 1973, нозири мизи ҳарбии Ҷамоати деҳоти «Ҳалевард»-и ноҳияи Ҷ.Балхӣ, узви ҲАТ, истиқоматкунандаи ноҳияи Ҷ. Балхӣ, ҳамчун номзад ба қайд гирифта шудаанд.

Аз сокинони дар ҳудуди ҳавзаҳои интихоботии мазкур истиқоматдошта даъват карда мешавад, ки 19 феврали соли ҷорӣ дар интихоботи вакили Маҷлиси вакилони  халқи вилояти Хатлон фаъолона иштирок намуда, саҳми худро дар пешрафт ва ободонии Ватани азизамон гузоранд.

Толиб Толибзода , “Хатлон”

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода