Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » САДА


САДА



Чист, эй дӯст, Сада?
Сада ин рамзи муҳаббат ба баҳор,
Сада ин муждаи Наврӯз,
Сада мероси ниёгони ман аст,
Сада ин оташи ҷовиди Хуросони ман аст.
Чист, эй дӯст, Сада?
Сада оғози яке соли пур аз иқбол аст,
Сада мероси Ҷаму Афредун,
Сада ин Нораку Роғун,
Сада ин партави хуршедии истиқлол аст!
Муфассирон гӯянд:
Ки ба даврони қадим
Аз зимистони бузург
Мешумурданд агар сад шабу рӯз
Оташ афрӯхтаву рӯ ба само мегуфтанд:
Офтобо, ба ту аз мардуми офоқ дуруд!
Мо ҳама ошиқи нурему парастори туем,
Пайи эъдоми шабу деви сияҳ ёри туем.
Дили огоҳи туем,
Дидаи бедори туем!
Боз тафсири дигар низ бувад:
Сада рӯзест, ки одам дар он
Ёд бигрифт барафрӯхтани оташро,
Шарҳаш ин аст, ки ҳӯшанг-шаҳи аҳди қадим
Гоҳи шикор,
Санг андохт пайи куштани мор,
Мор бигрехт, вале
Аз ҳамон санг, ки бар санги дигар омад рост,
Гашт тавлид шарор
Ва бипечид шарар бар тани хор.
Кашфи оташ, ки муяссар гардид,
Ҷашн орост хидев,
Ва ҳамин ҷашн ба ҳар соли дигар баргардид.
Низ гӯянд Сада
Оташи сода набудаст дар он даври қадим.
Оташ ин самти ибодат будаст,
Яъне қибла дар он аҳди куҳан рӯшан буд
Ва ниёи ману ту
Ба сиёҳӣ, ки бувад рамзи бадӣ
Душман буд!
Сада имрӯз ба мо рамзи асолат бошад,
Боргирӣ зи тамаддуни қадим,
То ки дар кӯрараҳи дару замон
Роҳро гум накунем,
Оташ афрӯхт агар бегона
Хешро шохаи ҳезум накунем!
Чист, эй дӯст, Сада?
Сада, яъне, ки ҳамон хешшиносӣ,
Сада, яъне, ки асолат,
Сада, яъне, ки ҳамин истиқлол,
Сада, яъне, ки ҳамин ваҳдати мост!
Садаи зиндамудом
Оташаи нусрати мост!


Озар Салим

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода