Дар ҳошияи Иди Сада
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 27 январ, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 561
Дар кишвари қадимаву зебои Бохтар,
Бо ҳиммату диловариву ғайрати Ҳушанг.
Оташ биҷасту кашф шуд, аз баҳри одамон,
Гардид шурӯъ зиндагии хурраму қашанг.
Иди Сада нишонаи тавлиди оташ аст,
Иди фарорасии даю иди оташ аст.
Дар мактаби ҳаёт аз оғози зиндагӣ,
Собитнамои покии қалби Сиёваш аст.
Ин ид иди мардуми олитабори мост,
Сарҷамъӣ дар канори Ватан ифтихори мост.
Имрӯз бо ҳидояти Пешвои ин Ватан,
Тавҳиду сулҳу дӯстӣ ҳарфу шиори мост.
Ояд Сада ба мулки мо аз дуриҳои дур,
Гармии оташ оварад бар қалби мо ғурур.
Аз тобиши ҳадафраси Роғуну чархи он,
Ҷорӣ шуд обшори нур аз қуллаи сурур.
Иди Сада зодрӯзи оташ бошад,
Собитгари покии Сиёваш бошад.
Ҳар ҷо саде сар кашад, аз синаи хок,
Аз решаи чӯби тири Ораш бошад.
Аз гармии қалби хоки оташзада руст,
В-аз оташи сабзгуни оташкада руст.
Ёде зи дарунсӯзӣ ин хоки куҳан,
Аз хоки вуҷуди мо дарахти Сада руст.
Ту ҳосили заръу кишти моӣ, Хуршед,
Ҳаммаслаку ҳамсиришти моӣ, Хуршед.
Иди Сада рӯзи зодани Хуршед аст,
Дар меҳвари сарнавишти моӣ, Хуршед.
Дунё зи ҷилои барф симинрада аст,
Иди азалии фасли сармо Сада аст.
Гармии нигоҳу қалби мо поянда,
Аз оташи гарму поки оташкада аст.
Усмон Билолӣ
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00