Шарҳу тафсири Паём дар Раёсати фарҳанги вилоят
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 26 январ, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 467
Дар Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» чорабинӣ баргузор гардид, ки дар он Рамазон Насриддинзода, сардори Раёсати фарҳанги вилоят, кормандони раёсат ва зерсохторҳои он ширкат варзиданд.
Сараввал, Рамазон Насриддинзода, сардори Раёсати фарҳанги вилоят роҷеъ ба аҳамияти Паёми Президент баромад намуда, нуктаҳои асосии онро шарҳу тавзеҳ дод. Ӯ, аз ҷумла, гуфт, ки давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ҳанӯз аз оғози соҳибистиқлолӣ пешрафти бомароми соҳаҳои муҳимми ҳаёти ҷомеа – ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, илму маориф, тандурустӣ ва фарҳангро яке аз самтҳои асоситарин ва афзалиятноки сиёсати худ қарор дода, барои расидан ба ин ҳадафҳо ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ карда истодааст.
Р. Насриддинзода зимни суханронӣ изҳор доштанд, ки Сарвари давлат дар Паём оид ба таъмини пешрафти соҳаҳои фарҳанг, тандурустӣ, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.
- Дар паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр гардид, ки дар панҷ соли охир аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузории буҷети давлатӣ барои дастгирии табақаҳои осебпазири аҳолӣ тавассути пардохти нафақа, кумакпулӣ ва ҷубронпулиҳо, нигоҳдории муассисаҳои ҳифзи иҷтимоӣ ва уҳдадориҳои дигар зиёда аз 19 миллиард сомонӣ, аз ҷумла танҳо дар соли 2022-юм 4,3 миллиард сомонӣ равона карда шуд, -гуфт сардори Раёсати фарҳанги вилоят.
Дар фарҷоми мулоқоти доиргардида ширкаткунандагон ҳамовозии худро аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз сиёсати пешбарандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз карданд.
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00