25 намуди амалиёти нодири ҷарроҳӣ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 21 январ, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Тандурусти ва экология / Хабарҳо, Боздид 480
Давоми соли 2022 дар самти ворид намудани усулҳои нави ҷарроҳӣ дар муассисаҳои тандурустии вилояти Хатлон 25 намуд амалиёти нави ҷарроҳие, ки қаблан дар вилоят гузаронида намешуданд, ба роҳ монда шуданд.
Тавре ки ба рӯзномаи “Хатлон” аз маркази матбуотии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ иттилоъ доданд, аз ҷумла дар Беморхонаи клиникии бисёрсоҳавии ба номи А. Ҳақназарови шаҳри Кӯлоб усули нави ҷарроҳии найчагузории маҷроҳои талхагузар, кистаҳои солитарии ҷигар, гурда ва узвҳои занона таҳти назорати дастгоҳи ташхисии фаросавтӣ ба роҳ монда шуд, Инчунин, дар беморхонаи мазкур амалиёти ҷарроҳии бурида гирифтани думи ғадуди зери меъда бо киста гузаронида шуд.
Дар Беморхонаи клиникии вилоятии ба номи Б.Воҳидови шаҳри Бохтар ба беморон бо ташхиси “тангшавии роҳҳои пешобрав” амалиёти ҷарроҳии “ретеропластикаи аугментатсионӣ” бо истифодабарии пардаи луобии лунҷ, амалиёти ҷарроҳии “эхинококози шушҳо” бо усули торакоскопӣ тариқи видеоассистентӣ ва ҷарроҳии тармимӣ дар суфраи гӯш ба роҳ монда шуд. Ҳамзамон, дар давраи сипаригашта дар Маркази ҷарроҳии вилоятӣ чандин амалиёти ҷарроҳии нодир гузаронида шуд.
Дар ин давра дар Беморхонаи марказии ноҳияи Фархор ба воситаи дастгоҳи ташхиси фаросавтӣ гузоштани нефростома ба кистаҳои гурдаҳо ба роҳ монда шуд.
http://khatlon-ruznoma.tj
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00