Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » Волидайн, ҳушёр бошед! Ҳалокати чанд кӯдак дар зери ях


Волидайн, ҳушёр бошед! Ҳалокати чанд кӯдак дар зери ях



Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи шаҳрвандии Тоҷикистон бозии кӯдаконро болои ях дар ҳоле, ки ҳаво майли гармшавӣ дорад, хатарнок хонда, волидонро ба эҳтиёткорӣ даъват мекунад.

Ба иттилои дафтари матбуотии Кумитаи мазкур, шоми 21 январи соли равон дар деҳаи Ғарабдараи ҷамоати Балхоби ноҳияи Муъминобод се кӯдаки 4 ва 5-cола дар пайи фурӯ рафтани ях дар ҳавзи деҳа сарозер шуда, ҷон додаанд. «Ду кӯдаки 5-сола ва як кӯдаки 4-сола, дар болои яхи обанбори сунъии маҳаллашон ба яхмолакбозӣ машғул шуда, ба об афтида, ғарқ шудаанд», - омадааст дар иттилоия. Сокинони деҳа ҷасади кӯдаконро аз об бароварда, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурданд. 

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон ба наздикону пайвандони ҳалокшудагон изҳори ҳамдардӣ намуда, бори дигар ба аҳолӣ муроҷиат намуда, хоҳиш кардааст, ки фарзандони худро беназорат нагузоранд.

Ба иттилои ин ниҳод, дар пайи рӯй ба гармӣ овардани ҳаво қабати ғафси бисёри ҳавзу кӯлҳо тунук шуда, хавфи сарозер шудан афзоиш ёфтааст.

«Хатлон»

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода