Боз ҳамсояҳо овоза кардаанд...
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 16 январ, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 483
Шуъбаи ВКД. Шаҳрванд бо муфаттиш баҳс мекунад.
-Рафиқ муфаттиш. Лутфан сахтгирӣ накунед. Ман тамоман бегуноҳам. Ҳеҷ кори хатое накардаам.
-Чӣ хел бегуноҳ? Охир дар санад нишон дода шудааст, ки Шумо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро риоя накардаед. Бубахшед, ин ҷо бегуноҳонро намеоранд.
-Чӣ хел гунаҳгор, рафиқ муфаттиш. Ман танҳо духтарамро ба шавҳар додам... Ростӣ, мушкил аз он ҷо оғоз шуд.
Чанд рӯзе пеш аз тӯй дугонаҳои духтарамро ба хона даъват карда, ош додем. Охир мувофиқи қонуни танзим дар рӯзи маъракаи калон одами зиёд гуфтан мумкин нест-ку. Мо ҳаминро фикр кардему чанд рӯзе пеш онҳоро зиёфат додем. Баъдан ҳамкорони шавҳарам ва рафиқони писарамро ҳам барои он ки шумораи одамони муқарраркардаи қонун рӯзи маърака зиёд нашавад, пешакӣ хабар карда, ош додем. Магар ин риояи қонун нест?
Пасон, гап сари ҷиҳози арӯс омад. Мо ба хотири он ки рӯзона вақти ниҳоят кам доштем, ҷиҳози духтарамро шабона ба хонаи домод бурдем. Ҳамсояҳо бошанд, овоза кардаанд, ки гӯё мо барои он ки миқдори чизҳои додаамонро кормандони шуъбаи танзим набинанд, ин корро кардаем.
Баъдан дар маъракаи калон мо ҳамагӣ як сароянда овардем. Ҳамкорону дӯстони шавҳарам чор сарояндаи дигар “туҳфа” оварданд, ки дар тӯй хизмат кунанд. Боз ҳам ҳамсояҳо овоза кардаанд, ки гӯё мо “дабдада” карда бошем.
Шумораи мошинҳои тӯй ҳам ҳамагӣ чорто буду шаш мошинчаи дигар аз ҷӯраҳои домод буд ва боз ҳамин ҳамсояҳо овоза кардаанд, ки гӯё ҳамаи онҳо аз мо бошад.
Ана як ҳафта баъди тӯй домоду духтарам ба хонаи мо дидорбинӣ омаданду баъзе хешу ақрабо ва ёру дӯстон ҳам “тасодуфӣ” ташриф оварданд, ки яке аз онҳо ҳофиз буду каме суруд замзама кард. Боз ҳамин ҳамсояҳо овоза кардаанд, ки гӯё мо маъракаи арӯсталбону домодталбон карда бошем.
Ана баъд як мебели калон доштем, ки хонаамонро хеле танг мекард ва мо онро ба навхонадорон бахшидему ин овоза ба гӯши Шумо расид ва маро ин ҷо оварданд. Магар корҳои мо қонунвайронкунӣ аст, рафиқ муфаттиш?
-Не албатта, шаҳрванди муҳтарам. Гӯё Шумо қонуншиканӣ накардаед.
-Яъне, Шумо маро ҷазо намедиҳед, хушҳолона гуфт соҳибтӯй.
-Не, чаро ҷазо диҳем. Мо фақат камакаке аз буҷаи оилаи Шумо гирифта, ба буҷаи давлат месупорем. Магар аз ҳисоби “давлат”-ҳои хурд ба давлатҳои бузург супоридан ҷазо аст? Албатта не. Мо танҳо барои мусоидат кардан ба рушди тафаккури Шумо якчанд ҳазор аз буҷаатон мегирем ва Шумо барои пур кардани ҷойи он чанд муддат ба кору бор машғул мешаведу аз чунин маъракаороӣ худдорӣ мекунед. Ин бузургтарин кумаки мо ба Шумову оилаатон мешавад.
Қонун бошад, идома хоҳад ёфт. Беҳуда нагуфтаанд: “Танҳо ҳамон замоне, ки башар ба рушди зеҳнӣ бирасад, дигар эҳтиёҷе ба қонун нахоҳад буд”.
Райҳона РАҲМАТОВА,
махсус барои рӯзномаи “Хатлон”
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...