АВРОҚИ РАНГИНИ ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ
Муҳаррир: Зиёдулло Раҳимов аз 04 феврал, Бахш: Матлабҳои охирин / Сиёсат, Боздид 1 165
Соли 1991 дар саҳифаи таърих давлатдории Тоҷикистон бо ҳадафҳои даврони бозсозии горбачёвӣ шурӯъ шуд. Ҳарчанд, ки ҳанӯз 24 августи соли 1990 Иҷлосияи дувуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум) Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул намуда буд, вале ин «соҳибистиқлолӣ»-е буд дар доираи салоҳияти Иттиҳоди Шӯравӣ, зеро Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави худ ягон масъалаи сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангиро, ба истиснои салоҳияте, ки то ин дам ҳар як ҷумҳурии Шӯравӣ дошт, мустақилона ҳал намекард.
Дар Марказ боварӣ доштанд, ки бо вуҷуди истиқлолиятхоҳии ҷумҳуриҳо давлати ягонаи абарқудрат боқӣ мемонаду «додарон»-и худро роҳбарӣ мекунад. Ба ин мақсад 17 марти соли 1991 раъйпурсии умумихалқӣ (референдум) ба мақсади бақои Иттиҳоди Шӯравиро мардум мехоҳад ё не, баргузор гардид. Референдум шояд аз рӯи анъанаҳои изофанависӣ буд, ки 74 фисади тарафдор гирифт ва бақои СССР –ро хоҳон шуданд.
Вале муқовимати сиёсӣ ҳизбу ҳаракатҳои исломию демократии Тоҷикистон (ҳизби наҳзати исломӣ, ҳизби демократӣ, «Растохез», «Лаъли Бадахшон» ва ғайраҳо.) нисбати байни ҳукумати Тоҷикистон, ки ба тезутундшавии авзои дохилии иҷтимоиву иқтисодӣ, зиддиятҳои қавмиву маҳаллӣ, мазҳабию идеологӣ оварда буд, ин тарафадориро инкор мекард.
Кор ба дараҷае расид, ки Қаҳҳор Маҳкамов, ки аз соли 1985 котиби якуми КМ Ҳизби коммунисти Ҷумҳурии Шӯравии сотсиалистии Тоҷикистон ва аз моҳи ноябри соли 1990 нахустпрезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардида буд, барканор шуд ва то интихобот масъулияти Президент ба зиммаи роҳбари парламент гузошта шуд. Ҳамакнун, Қадриддин Аслонов, ки раиси муваққатии Шӯрои Олӣ буд, ин вазифаро ба уҳдаи худ гирифт.
29 августи соли 1991дар Иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои Олии Тоҷикистон вакилон қарор қабул намуданд, ки «Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон минбаъд Ҷумҳурии Тоҷикистон номида мешавад» ва ҳамагӣ даҳ рӯз пас, яъне 9 сентябр Эъломияи истиқлолияти давлатӣ қабул гардид, ки ин рӯйдод саҳифаи наве буд дар таърихи Тоҷикистони куҳанбунёду миллати соҳибтамаддун.
Дар ин рӯзи таърихӣ, яъне 9 сентябри соли 1991 тағйиру иловаҳо ба Қонуни асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардиданд ва дар натиҷа воқеияти истиқлолияти Тоҷикистон ба сатҳи меъёри конститутсионӣ расонида шуд, ки аз нигоҳи ҳуқуқӣ ин меъёр хусусияти баргаштнопазир дорад.
Вале ин озодии осон ба дастомадаро мухолифин, душ-манони дохилии дӯстнамо бо роҳнамоии душманони хориҷӣ қабул надоштанд. Ин пеш аз ҳама ба Қадриддин Аслонов, ки вазифаи раиси Шӯрои Олӣ ва иҷрокунандаи вазифаи Президенти ҷумҳуриро ба уҳда дошт, рабт дошт, зеро ӯ мавқеи зиддикоммунистиро ишғол намуда буд. Ҷонибдорони ҳизбу ҳаракатҳои исломию демократӣ (Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, Ҳизби демократии Тоҷикистон, «Растохез», «Лаъли Бадахшон» ва ғайраҳо.) аз ӯ талаб мекарданд, ки фаъолияти Ҳизби Коммунистии Тоҷикистонро манъ намояд. Ба ин мақсад 21 сентябр онҳо дар майдони «Озодӣ» гирдиҳамоӣ ташкил намуданд, ки дар он ҳазорон нафар ҷамъ омаданд.
Дар ҳамин шабу рӯз ҳайкали дохили пролетаристи ҷаҳон В. И. Ленин, ки дар маркази шаҳр, ҳозир муҷассамаи Исмоили Сомонӣ қомат афрохтааст, воқеъ буд, афтонда шуд, ки ин амали мухолифин тарафдорони ҳизби ком-мунистиро ба ғазаб овард ва онҳо низ ба майдон баромада, талаб карданд, ки Қадриддин Аслонов аз вазифааш озод ва фаъолияти ҳизби наҳзати ислом манъ карда шавад. Ҳамин тавр ҳам шуд. 23 сентябри соли 1991 Иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қадриддин Аслоновро аз вазифаи раиси Шӯрои Олӣ озод намуд ва ба ин вазифа Раҳмон Набиев, собиқ котиби якуми Ҳизби Коммунистии Тоҷикистонро (солҳои 1982-1985), ҳамзамон, иҷрокунандаи вазифаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, интихоб намуд. Вале ин интихоб ҷонибдорони ҳизбу ҳаракатҳои исломию демократиро аз нав ба ғазаб овард ва бар зидди Ҳукумат гирдиҳамоии шабонарӯзӣ оғоз ёфт.
24 ноябри соли 1991 интихоботи умумихалқии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд. Раҳмон Набиев бо гирифтани бештари овозҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд. Мухолифин, ки аз аввал Раҳмон Набиевро дар ин вазифа намехостанд, интихоботро ғайришаффоф ва беадолатона шумурданд. 12 декабри соли 1991 Сафаралӣ Кенҷаев (вакили Шӯрои Олӣ, прокурор) раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.
23 декабри соли 1991 Шӯрои Олии Тоҷикистон Созишномаро дар бораи таъсиси Иттиҳоди давлатҳои мустақил, ки президентҳо - Б. Н. Елтсин (Федератсияи Русия), Л. Кравчук (Украина) ва С. Шушкевич (Беларусия) 8 декабри соли 1991, пинҳонӣ аз роҳбарияти олимақоми СССР, тасдиқ карда буданд, эътироф намуд ва дохил шуд. Ба ин Иттиҳод дар ибтидо давлатҳои мустақили Россия, Украина, Беларусия, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Тоҷикистон дохил шуданд. Бо ҳамин давлатдории СССР, ки соли 1922 ташкил ёфта, яке аз давлатҳои муқтадири ҷаҳон шумурда мешуд, аз байн рафт. Ҷумҳуриҳои навтаъсису тозаистиқлоро чӣ дар пеш буд, касе намедонист…
(Идома дорад).
Исматуллои Гули Олим
-
26-01-2021, 14:00
-
3-02-2021, 15:04