Соли 2023 моро чӣ интизор аст?
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 16 январ, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Иқтисоду тиҷорат / Хабарҳо, Боздид 1 263
1. Буҷет
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023» ва дурнамои нишондиҳандаҳои буҷети давлатӣ барои солҳои 2024-2025 қабул карда шуд.
Тибқи он даромади буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023 37,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст.
2. Ҳифзи иҷтимоӣ
1 марти соли 2023 музди меҳнати амалкунандаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ 25 фоиз ва дигар кормандони ин мақомот 20 фоиз зиёд карда мешавад.
Аз 1 июли соли 2023 музди меҳнати кормандони муассисаҳои маориф, илм, тандурустӣ, соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва стипендияҳо 20 фоиз зиёд карда мешавад.
Аз 1 июли соли 2023 андозаи нафақаи заминавӣ 20 фоиз зиёд карда мешавад.
3. Соҳаи иқтисод
Соли 2023 суръати рушди иқтисодӣ дар Тоҷикистон дар сатҳи на кам аз 8 фоиз таъмин ва дар ин замина дар ин сол даромади умумии пулии аҳолӣ 15 фоиз афзоиш ёфта, ба 100 миллиард сомонӣ баробар мегардад.
4. Соҳаи саноат
Соли 2023 дар ноҳияи Ёвон бо истифода аз ашёи хоми маҳаллӣ, аз ҷумла гаҷсанг корхонаи бузурги истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ ба кор андохта мешавад.
Фаромӯз Бобоев
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2022, 12:41
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!...