Танзим бояд риоя шавад!
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 13 январ, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳуқуқу амният / Хабарҳо, Боздид 609
Рауфов Беҳрӯз Асомудинович, соли таваллудаш 10 январи соли 1989, сокини ноҳияи Кӯшониён, Ҷамоати шаҳраки «Бӯстонқалъа», деҳаи Орзу, талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро вайрон карда, даст ба қонунвайронкунӣ задааст.
Чунончи, ӯ санаи 1 октябри соли 2022 аз Ҷамоати шаҳраки «Бӯстонқалъа» барои гузаронидани тӯйи арӯсии хоҳараш Сафарова Суҳайло аз соати 08:00 то 11:00 тавсиянома гирифта, дар манзили истиқоматии воқеъ дар суроғаи болозикр як рӯз пеш - 30 сентяби соли 2022 аз соати 19:00 то санаи 20:30 дақиқа маъракаи “Чойгаштак” баргузор намуда, ба меҳмонон ва хешу таборон як таом бо оростани 3 адад дастархон зиёфат додааст, ки талаботҳои моддаи 10 қисми 2 ва моддаи 14 қисми 1-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро вайрон намудааст. Тибқи талаботи моддаи 10, қисми 2-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ташкили маъракаҳои фотиҳаи тӯй, маслиҳатошӣ, идонабарӣ, сандуқбарон, сарупобинон, чойгаштак, раисталбон, қудоталбон, ноншиканон, хонакашон, модарталбон, падарталбон, рӯйбинон, чодарканон, муборакбодӣ, шаҳтозон (роҳбандон), тақдими сарупо барои меҳмонони тарафайн ва хешу табори домоду арӯс, ба истиснои тақдими туҳфаҳо барои домоду арӯс ва падару модари онҳо манъ аст.
Инчунин, тибқи талаботи моддаи 14 қисми 3-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» тӯю маросим дар рӯзҳои истироҳат аз соати 06:00 то соати 22:00 ва дар рӯзҳои корӣ аз соати 18:00 ва 22:00 гузаронида мешаванд. Давомнокии тӯю маъракаҳо то се соат муқаррар мешавад.
Дар ин асос аз тарафи прокурори ноҳияи Кӯшониён санаи 4 октябри соли 2022 нисбати шаҳрванд Рауфов Беҳрӯз Асомудинович бо моддаи 481 қисми 1-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шуда, он барои баррасӣ ба судӣ ноҳияи Кӯшониён фиристонида шудааст.
Ба ҳамин монанд, Тешаев Акбар Ҳайдарович, соли таваллудаш 5 феврали соли 1968, сокини ноҳияи Кӯшониён, Ҷамоати деҳоти Меҳнатобод, деҳаи Меҳнатобод, талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро вайрон кардааст. Чунончи, ӯ санаи 2 сентябри соли 2022, соати 19:00 то соати 20:00 дақиқа дар манзили истиқоматии худаш бо иштироки хешу таборон ва ҳамсоягонаш дастархон ороста, бо додани се таом, яъне ош, шӯрбо, гӯштбирён, тӯйи арӯсӣ ва чойгаштаки духтараш Тешаева Заррина Акбаровнаро, бе тавсияномаи бахши танзим баргузор намуда, талаботҳои моддаҳои 10 қисми 2 ва 141 қисми 1-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро вайрон намудааст.
Мутобиқи моддаи 10 қисми 2-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ташкили маъракаҳои фотиҳаи туй, маслиҳатошӣ, идонабарӣ, сандуқбарон, сарупобинон, чойгаштак, раисталбон, қудоталбон, ноншиканон, хонакашон, модарталбон, падарталбон, рӯйбинон, чодарканон, муборакбодӣ, шаҳтозон (роҳбандон), тақдими сарупо барои меҳмонони тарафайн ва хешу табори домоду арӯс, ба истиснои тақдими туҳфаҳо барои домоду арӯс ва падару модари онҳо манъ аст.
Тибқи талаботи моддаи 141 қисми 1-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ уҳдадоранд ҷашну маросимро бо риояи талаботи Қонуни мазкур баргузор карда, мақоми ваколатдор ва комиссияҳои доимии маҳаллиро доир ба баргузории тӯйи домодию арӯсӣ ва маросими азодорӣ хабар намоянд.
Аз 26 сентябри соли 2022 бо карори суди ноҳияи Кӯшониён 20 нишондиҳанда 1280 сомонӣ ҷарима карда шудааст.
Варқаи Зайниддин,
ёрдамчии калони прокурори вилояти Хатлон
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...