ДАР ЯК САТР
Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » Беҳтаринҳо қадрдонӣ гардиданд


Беҳтаринҳо қадрдонӣ гардиданд



Федератсияи футболи вилояти Хатлон натоиҷи мавсими футболи соли 2022-ро ҷамъбаст намуда, беҳтаринҳоро аз рӯйи номинатсияҳои гуногун муайян кард.

Тибқи иттилои Федератсияи футболи вилояти Хатлон, дар маросими ҷоизасупорӣ аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва Федератсияи футболи вилоят ба беҳтарин бозигарон ва мураббиёни футболи наврасону занон, ғолибони Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаҳои олӣ, якум, инчунин Чемпионати Тоҷикисистон байни дастаҳои Лигаи дуюми вилояти Хатлон туҳфаҳо супорида шуд.

Ҳамчунин, ғолибону ҷоизадорони мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи дуюми вилояти Хатлон мукофотонида шуданд. Дастаи «Хуросон»-и ноҳияи Хуросон бо Ҷом ва медалҳои биринҷӣ, бозигарони дастаи «Нури деҳот»-и ноҳияи Панҷ бо Ҷом ва медалҳои нуқра ва футболбозони тими «Шоҳин»-и ноҳияи Муъминобод, ки барандаи Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи дуюми вилояти Хатлон - 2022 гардиданд, бо Ҷом, медалҳои тилло ва маблағҳои пулӣ сарфароз гардонида шуданд.

Ф. ДАВЛАТ, «Хатлон»

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода