75-солагӣ фархунда бод, устоди гиромӣ Шералӣ Яҳёев!
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 10 январ, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 396
10 январ собиқ сармуҳаррири рӯзномаи “Хатлон”, дорандаи ордени «Дӯстӣ», барандаи ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, Аълочии матбуот ва фарҳанги Тоҷикистон Шералӣ Яҳёев ба синни мубораки 75 расиданд.
Шералӣ Яҳёев ходими намоё ни ҷамъиятӣ ва давлатии кишвар буда, солҳои зиёд дар нашрияҳои «Роҳи ленинӣ», «Субҳи меҳнат», «Хатлон», «Хорпуштак» ва ғайра фаъолият дошт. Дар рӯзномаи «Хатлон» муо вини якуми сармуҳаррири наш рия, сармуҳаррири рӯзномаи «Хатлон» дар солҳои 1993-2004 буд.
Дар ин рӯзи наку, аз номи аҳли эҷоди рӯзномаи вилоятии “Хатлон” барои саҳми бебаҳои Шумо дар рушди журналистикаи тоҷик, махсусан рӯзноманигории вилояти Хатлон, тарбияи наслҳо, ҳифзи арзишҳои миллию давлатдорӣ миннатдорӣ баён менамоям.
Мо - аҳли эҷоди рӯзномаи “Хатлон” устод Шералӣ Яҳёевро ба ифтихори 75-умин солгарди умри муборакаш сидқану ихлосмандона табрику шодбош гуфта, барояш саломатии устувор, умри дарози бобаракат, комёбиҳои нав ба нави эҷодиро таманно дорем.
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00