Запорож
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 05 январ, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 587
Кормандони бозрасии давлатии автомобилӣ чашми тезбини уқобӣ доранду нигоҳи мисли микроскоп заррабин. Агар сарҳадбонон чунин хислатро медоштанд, шояд ягон нохалафе марзро убур карда наметавонист. Вале, сад афсӯс, ки ҳама монанди онҳо зираку ҳушёр нестанд.
Ҳатто гоҳо мешавад, ки аз таги бинии гумрукчиён мошини пурборе шамол барин фиррӣ гузашта мераваду назоратчиёни ин сохтор бехабар мемонанд. Лекин кормандони БДА дар ин кор устухон надоранд. Аз наздашон пашша дар ҳаво гузарад, болу параш месӯзад, ҳайфи ин ронандаҳои нақлиёт. Қудрати ишорачӯби рангини ин роҳбонон муъҷизаҳои асои сеҳрноки Мӯсои Калимро бо як нӯл мезанад. Бордону дохили ҳар як мошинро он қадар бодиққат тафтиш кардаю аз назар гузаронида, хокбез мекунанд, ки кас ба заҳмату меҳнати миёншикани ин шербачаҳо қоил мешавад.
Сержант Сафолбек аз қабили ҳамин хел зотҳои ба қавле ҷонфидои касби худ аст, ки номаш дар кордонию сахтгирӣ ҳамеша вирди забонҳост. Вай амалҳои пинҳонию чапдастии ронандагонро бе асбоби минакобӣ ҳам ошкор карда метавонад. Боре ӯ мошини куҳнаи аз доқёнусмондаи “Запорож”-и замони Шӯравиро манъ намуда, кашфиёти аҷибе кард. Моторро ҳангоми тафтиш дар бордони қафои чорчарха дида, гӯё хуми тилло ёфта бошад, дар дил ба тоқипартоӣ даромад.
-Ҳоло ту ба собуни ман ҷомашӯӣ накардаӣ, - ба сари ронанда теғи нигоҳ партофт Сафолбек. - Росташро гӯй, ки ин муҳаррикро аз куҷо дуздидӣ?
-Мотори мошинҳои тамғаи “Запорож” одатан, - хост бигӯяд ронанда, вале Сафолбек сухани вайро қалам кард. Бо нақлиёташ ӯро ба майдончаи ҷаримавии мошинҳо оварда, худ назди сардори БДА чорхез зад.
-Рафиқ сардор, - гуфт даст ба чака бурда, - мотордуздеро дастгир карда овардам.
-Мотордузд? - пурсид сардор.
-Бале, мотордузд. Дунёро бедарвоза гумон мекард нохалаф, вале бо пойи худ ба даст афтод. Бовар накунед, марҳамат, рафта бинед.
Сардору Сафолбек пешодунбол ба берун баромаданд.
-Мошини ин ронандаи сабилмонда ба воситаи аккумулятор ё ҷараёни барқ ҳаракат мекунад, ки исқотӣ дар пеш мотор ҳам надорад, - гуфт Сафолбек дар роҳ гапро туқуз монда.
-Канӣ, бордони мошинатро кушо, то бинем, ки моторро аз куҷо дуздидаӣ, - ба ронанда омирона фармон дод сардор.
Ронанда, ки бо калони маъмурҳо почак ба почак шуданро бефоида медонист, бедимоғона хост бордони пеши мошинро кушояд, вале сержант ҷонҳавлак давида, дасти вайро анбӯрвор боздошт.
-Рафиқ сардор, - гуфт ӯ, - бордони пеши мошини ин нохалафи дузд холист. Шумо беҳтараш бордони қафои мошини вайро кобед.
Сардор баъди дидани бордони қафои мошин ба асли воқеаю бефаросатии зердасташ сарфаҳм рафта, фармуд, ки ронандаро бо ду дасти адаб гусел намояд, то шарманда нашаванд.
-Чӣ хел шарманда? - дар тааҷҷуб монд Сафолбек.
-Дар гӯшакат ҳалқа кун, ки мотори мошинҳои “Запорож” асосан дар беруни қафои нақлиёт ҷойгир аст, дуздёби аблаҳ! - бо заҳрханда ҷавоб дод сардор.
Ҳамкасбону ронандаҳо баъди ҳамин сержанти “сахтгир”-ро дар ғайбаш акнун бо лақаби Сафолбеки Запорож ном мебаранд.
С. Баёзӣ
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...