МАОРИФ-СОҲАИ КАЛИДӢ
Муҳаррир: Зиёдулло Раҳимов аз 04 феврал, Бахш: Матлабҳои охирин / Маориф ва илм, Боздид 1 042
Дар Паёми навбатии худ Пешвои миллат маорифро соҳаи калидӣ номид. Зеро бе маориф дониш, илм, пояи давлат устувор шуда наметавонад ва барои ҳамин пайваста эҳсос карда мешавад, ки дар ҳаққи омӯзгорону толибилмон ғамҳории зиёд ба чашм мерасад.
Дар соли 2020 дар мактабҳои ҷумҳурӣ 2 миллиону 100 ҳазор талаба ба донишомӯзӣ фаро гирифта шудаанд ва ин гувоҳӣ бар он медиҳад, ки барои онҳо мактаб, синф, курсӣ, омӯзгор лозим аст. Танҳо соли гузашта 175 мактаби сохти замонавӣ бо 3 ҳазору 20 ҷойи нишаст ба истифода супорида шудааст ва ин маънои онро дорад, ки ҷомеа бо роҳбарии Сарвари давлат, Пешвои миллат ба пешравии маориф диққати ҷиддӣ медиҳад.
Донишгоҳи тиббии Данғара меваи даврони соҳибистиқлолӣ мебошад. Дар он фарзандони сокинони ҷумҳурӣ таҳсил намуда, соҳиби ихтисос мегарданд ва баъди хатми донишгоҳ камар ба хизмати саломатии аҳолии ҷумҳурӣ мебанданд. Гарчанде, собиқадори меҳнат бошам ҳам, дар ин донишгоҳи муътабар ба толибилмон дарс мегӯям, ҳис мекунам, ки ҳар як донишҷӯ бо дилгармӣ дониш меомӯзад, то дар оянда илми омӯхтаашро дар хоҷагии халқ ба таври самарабахш истифода намояд.
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои минбаъд инкишоф додани илмҳои дақиқ, ки он то соли 2040 давом меёбад, баробари озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», ин навбат озмуни “Илм фурӯғи маърифат”-ро ба миён гузошт. Ин амали саривақтӣ мебошад, чунки тақвият ва инкишоф додани илмҳои дақиқ ин ба пешравии зиндагӣ боис мегардад. Ин озмун барои ҷомеа ва илмҳои дақиқу риёзӣ ва тиббӣ ҷавонони закитабъу созандаро пешниҳод менамояд. Омӯзгорон бояд дониши баланди касбӣ дошта бошанд ва барои ин ба мактаб онҳое ҷалб карда шаванд, ки дониши мукаммал ва маҳорати касбӣ доранд. Аз ҳамин ҷиҳат ҳоло ба чашм мерасад, ки омӯзгорони варзида дар Донишкадаи тиббии ноҳия зиёд шудаанд ва ҳар кадоми онҳо барои донишомӯзии донишҷӯён ҳисса мегузоранд.
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моро водор месозад, ки боз ҳам бештару беҳтар меҳнат намоем.
Муродалӣ Ҳошимов,
собиқадори маориф, омӯзгори Донишгоҳи тиббии ноҳияи Данғара
-
26-01-2021, 14:00
-
3-02-2021, 15:04
-
17-01-2021, 09:05