Ба гиромидошти шоири маҳбуб Ҳақназар Ғоиб
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 05 январ, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо / Чеҳранигорӣ, Боздид 771
Номаи меҳр
7 январ собиқ сармуҳаррири рӯзномаи “Хатлон”, Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ устод Ҳақназар Ғоиб ба синни мубораки 80 мерасанд.
Ҳақназар Ғоиб яке аз чеҳраҳои шинохта ва намоёни адабиёт ва рӯзноманигори варзидаи тоҷик буда, дар солҳои душвори 1990-1993 масъулияти сармуҳарририи рӯзномаи “Хатлон”-ро ба уҳда доштанд.
Асарҳои мондагору маҷмӯаҳои шеъриашон “Тӯшаи роҳ” (1972), “Рамзи ҳаёт” (1976), “Нигоҳи гарм” (1981), “Зинароҳ” (1983), “Атри гиёҳ” (1983), “Тоҷик Офтоб” (1985) “Чашми саҳар” (1989), “Дорожный провиант» (1989, Москва), “Эҳёнома” (1991), “Барги сабзи ишқ” (1995), “Дардномае ба миллат” (1996), “Сурӯши Хатлон” (1998), “Ашки Офтоб” (1999, 2005), “Таронаҳои маҳтобӣ” (2001), “Аз қафои шишаи борон” (2002), “Хаймаи нур”, “Зинда бо гудозишҳо” (2004), “Сарнавишт”, “Нафас то ба нафас овози вақт аст”, “Муқаддаснома” (2005), “Қиссаи аспи хатлӣ” (2006), “Навҳаи Фирдавсӣ бар марги Рустам” (2007), “Дар бистари нарми гул” (2009), “Муждаҳои ориёӣ” (2013” ва ғайраҳо ҳаводорони бешумор доранд.
Мо - аҳли эҷоди рӯзномаи “Хатлон” устод Ҳақназар Ғоибро ба ифтихори 80-умин солгарди умри муборакашон самимонаву мухлисона табрику таҳният гуфта, барояшон саломатии устувор, умри дарози бобаракат, комёбиҳои нав ба нави эҷодиро таманно дорем.
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00