Арӯси таиландӣ писардор шуд
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 30 декабр, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 557
Рӯзномаи “Хатлон” дар шумораи №29 аз 13-майи соли 2022 дар барои навхонадорон Муҳаммад ва Хатича маводе нашр намуда буд. Ҷолибияти мавод дар он буд, ки Хадича духтари таинландӣ буда, бо ҷавони шаҳритусӣ издивоҷ намуда буд. Пас аз ба Тоҷикистон омадан Хатича (номи чиниаш Китика) дини ислом, урфу одати тоҷикона ва шароити зиндагиро дар Тоҷикистон қабул намуд.
Инак, бо гузашти як соли зиндагии муштарак 19 сентябри соли 2022 аз ин ҷуфт писарчае ба дунё омад, ки онро Абубакр номгузорӣ намуданд. Имрӯз ин тифл дар канори модар ба воя расида истодааст.
Зимни суҳбат бо мо Наргиза, аммаи Абубакр, иброз дошт, ки бародараш ҳанӯз пеш аз таваллуди писараш ба Федератсияи Россия рафта буд ва ҳоло ӯро аз пеш надидааст, танҳо тариқи телефонӣ дидаасту халос.
«Янгаи таиландиам дар масъалаи нигоҳу ини фарзандаш хело меҳрубону ғамхор ва нозукбин аст. Ӯ низ мисли дигар модарон фарзандашро сахт дӯст медорад», - гуфт Наргиза.
Дар тарбия ва нигоҳубини Абубакр ба Хадича хушдоманаш ва дигар занони калонсоли хонавода кумак мерасонанд.
Толиб ТОЛИБЗОДА,
«Хатлон»
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00