Шаҳло: «Инсон китоб мехонад, то худро бисозад»
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 30 декабр, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Фарҳанг ва адабиёт / Маориф ва илм / Хабарҳо, Боздид 565
Шаҳло Саидалиева, хонандаи синфи 10-и МТМУ №8-и ноҳияи Данғара, Шоҳҷоизаи озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»-ро дар соли 2022 ба даст овард.
Ӯ дар озмун, аз рӯйи номинатсияи «Адабиёти муосири тоҷик» миёни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар, синфҳои 5 то 11 иштирок намуда, аз ин номина сазовори ҷойи аввал гардид.
Шаҳло Саидалиева пас аз ҷойи аввал дар номинатсияи худ, барои ба даст овардани «Шоҳҷоиза» рақобат намуда, бо донистани қариб 70% (дарсад)-и осори адибони номинаҳои дигари озмун ғолиб гардид. Қайд кардан бамаврид аст, ки барои ба даст овардани Шоҳҷоиза 11 нафар довталабон неру санҷиданд.
Хабарнигори рӯзномаи “Хатлон” бо Шаҳло мусоҳиба анҷом дод, ки фишурдаи онро пешкаши хонандагон мегардонем.
-Шаҳло, Шуморо барои ба даст овардани Шоҳҷоиза табрик мегӯем.
- Саломат бошед.
-Вақте натиҷаҳо ҷамъбаст шуд, ғолиб эълон гардид ва сазовори Шоҳҷоизаи озмун шудед, чӣ гуна ҳиссиёту ҳаяҷон Шуморо фаро гирифта буд?
-Дар он лаҳзаҳо хурсанд шудам ва тасвири он ғайриимкон аст. Ифтихорманд ва хушбахт аз он ҳастам, ки сазовори Шоҳҷоиза гардидам.
-70 000 сомонӣ насибатон шуд ва онро ба чӣ сарф мекунед?
- Пеш аз ҳама, мехоҳам ин маблағро барои боз ҳам афзун намудани донишу маърифати худ сарф намоям. Ҳадаф дорам, ки китобхонаи шахсие таъсис бидиҳам ва донишамро мукаммал карда, дар озмунҳои минбаъда низ ширкат варзам.
Дар ин росто Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сипос мегӯям, ки чунин озмунҳоро барои мо ташкил карданд ва мо метавонем ба ҳамин васила бештару беҳтар ба мутолиа рӯ оварем. Пешвои муаззами миллат намунаи олии як инсони фарҳангпарвар ва сарсупурдаи ин миллат аст. Президент шудани он кас барои мо як бозёфти таърихӣ мебошад.
Баъдан миннатдории худро ба падару модари меҳрубонам ва устодам Дилшод Шарифов мерасонам, ки маро тарбияи хуб карданд ва имрӯз роҳи дуруст ва зиндагии шарафмандонаро интихоб кардаам. Маҳз дастгирии эшон буд, ки чун ниҳоле рустему имрӯз самар овардем.
-Ба андешаи Шумо, инсон чаро бояд китоб хонад?
- Инсон барои он бояд китоб хонад, ки худро бисозад ва аз ин созандагӣ бинозад. Манфиати дигари мутолиа ин аст, ки захираи луғавии инсон бой мешавад.
Дар тӯли 4 соле, ки ин озмун баргузор мегардад, чеҳраҳои хеле хубро барои ҷомеа пешниҳод карда тавонист. Иштирокдорони озмун китобҳои зиёде хондаанду иродаи қавӣ доранд.
- Муроҷиати Шумо ба ҳамсолонатон чист?
- Ба ҳамсолони худ гуфтаниям, ки ҳамеша аз пайи омӯзиш бошанду тарсу ҳаросро аз вуҷудашон дур созанд. Барои ғолиб омадан бояд ҳар як иштирокдор иродаи қавӣ дошта бошад.
-Дар оянда чӣ нақша доред?
- Мехоҳам ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон дохил шуда, табиб гардам ва ба мардуми шарифи Тоҷикистон хизмат кунам.
Суҳбаторо
Ҷаҳонгиршоҳ Рустамшоҳ,
«Хатлон»
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...