Журналистон бисёранд, аммо С. Аттор яктост
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 27 декабр, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо / Чеҳранигорӣ, Боздид 442
Аслан шиносоии мо замоне сурат гирифт, ки ман дар рӯзномаи шаҳрии “Набзи Бохтар” навкор будам. Он вақт С. Аттор дар ин идора ба ҳайси котиби масъул кор мекард.
Пайваста аз рӯзноманигорону устодон ва ҳамсабақон таърифу тавсифи С. Аттор ва матлабҳояшро мешунидаму рӯзномаҳоро ҷустуҷӯ карда мехондам.
Дар эҷодиёти ӯ тамоми мавзуъҳоро вохӯрдан мумкин аст: аз ватандӯстӣ сар карда, то пошхӯрии оилаҳову ҳазлу шӯхӣ. Вақте матлаберо бо имзои С. Аттор мутолиа мекунӣ, ҳиссиёту ҳаяҷони қаҳрамонро пурра дарк менамоӣ. Устод Саттор Қарахонов аз санъати сухан, нозукиҳои он, латофату назокати он моҳирона истифода мебарад.
Баъди адои хизмати аскарӣ ду моҳ инҷониб дар рӯзномаи “Хатлон” кор карда истодаам. Акнун устод Саттор Қарахоновро бо дидгоҳи нав шинохтам. Ӯ ҳамеша хандону болидарӯҳ аст ва доимо мекӯшад, ки ин эҳсосотро ба дигарон низ диҳад. Дар иҷрои супоришҳои гирифтааш масъулиятноку серталаб аст. Ҳангоми таҳриру таҳлили матнҳо ба калимаҳои сирф тоҷикӣ муроҷиат мекунаду таваҷҷуҳ дорад. Доимо мекӯшад, ки шумораҳои рӯзнома хуштарҳ, хонданбоб ва писанди хонанда барояд.
Сарфароз аз онам, ки имрӯз тақдир насибам гардонида, ки бо яке аз журналистони қавиву шинохта ва устоди касби худ ҳамкасбу ҳамкор мебошам. С. Қарахонов доимо барои мошогирдону навқаламон маслиҳатчиву насиҳатгар, роҳнамову роҳкушо буда, тарзҳои инъикоси масъалаҳои мубрами рӯзро меомӯзонад. Ҳар ҳарфу ҳар суханаш барои мо дарс аст.
Мехоҳам, устод Саттор Қарахоновро ба муносибати 70-умин солгарди умраш самимона табрику таҳният гуфта, барояш, пеш аз ҳама, саломативу иқболи баланд, умри пурбаракат, шодии рӯзгор ва дар фаъолияти минбаъдаи эҷодӣ фатҳи қуллаҳои нав ба навро таманно намоям.
Толиб ТОЛИБЗОДА,
“Хатлон”
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...