Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » Пири дилҷавон


Пири дилҷавон



Саттор Қарахонов. Ин ном барои аҳли газетаи «Хатлон» ва ҳаводоронаш шиносу гиромӣ аст. Журналисти забардаст, инсони комил, шахси масъулиятнок, инсондӯст, маҳфилоро шӯхтабиат ҳастанд. Сахт ҳам расад, аз баъзе ҷавонҳо дида дили ҷавон доранд, гарчанде устод имрӯз 70-сола мешаванд.

Дар рӯзномаи «Хатлон» беш аз 40 сол боз кор мекунанд ва бо мақолаҳои таҳлилӣ, лавҳаву очеркҳои хонданбобашон ба дили хонанда ҷо гирифтаанд. Воқеан, устод соҳиби қалами тез, матлабҳояшон ҳадафрасу мушаххасанд. То ин дам даҳҳо шогирдонро роҳнамо шуда, дар масири инсондӯстӣ, ҳақиқатнигорӣ, адолатпарварӣ тарбия кардаанд.

Ман, ки беш аз 2 сол дар рӯзнома бо ҳамроҳии устод Абдусаттор фаъолият кардам, хотироти бисёр дорам. Масалан, ҳар гоҳ, ки таътили тобистона мешуд ва роҳ сӯйи зодгоҳам шаҳри Истаравшан мегирифтам, устод Қарахонов ба ман як каф дуо медоданд ва мегуфтанд, ки ба падару модарат дуруди моро расон. Боз таъкид мекарданд, ки баробари рафта расидан занг бизан. Боиси шармидан буд, ки устод пеш аз ман аввал шуда занг мезаданд ва аҳволпурсӣ мекарданд.

Ин ки ҳоло дар муҳоҷиратам, гоҳ-гоҳ ба воситаи телефони ҳамкорон бо устод суҳбат мекунем. Дар ҳар ҷумлаашон як латифа ҳаст. Мегӯӣ муаллифи китоби мутоибот бошанд. Ҳамин, ки мегӯянд «пазмон ва интизори омаданат ҳастем», бароям бас аст.

Ба устод Саттор Қарахонов ба муносибати 70-солагиашон умри дароз, дили шод, рӯзгори хушу зиндагии шоистаро орзу дорам. Худо кунад,  ки 100-солагии рӯзномаи «Хатлон»-ро бо ҳам ҷашн гирем. Сари баландатон ҳамеша дар амон бод, устод!

Фирдавс Умаров, 
шаҳри Южно-Сахалинск, Россия

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода