Сайре дар дӯкони Аттор (Порча аз очерк)
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 27 декабр, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо / Чеҳранигорӣ, Боздид 371
Рӯзноманигорӣ кори саҳл нест. Бори қалам кашидан дониш, маҳорат, бурдборӣ, малака, таҷриба, худфидоӣ ва диди тоза мехоҳад. Ҳамаи ин сифатҳоро дар тинате парваридан лутфи Худованд аст. Агар чунин намебуд, ҳамаи онҳое, ки дар айёми наврасиву ҷавонӣ бо ҳаваси журналист шудан хома ба даст мегиранд, ангуштнамои давр мегардиданд.
... Ҳеҷ аз ёди акои Саттор як сафарашон, ки ибтидои солҳои 80-уми асри гузашта ба ноҳияи Шаҳритус ба вуқӯъ пайваста буд, намеравад. Онҳо се нафар - суратгир Абдурашид Ҳамидов, хабарнигори ӯзбекзабон Шоимназар Омонов ва Саттор Қарахонов таксиеро киро карданд. Ронандаи таксӣ 50 тини Шӯравӣ зиёд аз онҳо роҳкиро гирифт. Санад тартиб доданд ва Қарахонов як луқмаи барои матбуоти он давра хос навишта, хулоса карда буд, ки ронанда даромади муфташро бо раисашон тақсим мекунад. Раис «маро туҳмат кардӣ» гуфта, ронандаро аз кор сабукдӯш намуд. Ронанда бошад, ба идораи рӯзнома шикоят пеш овард ва акои Саттор ба байн даромада, ба Шаҳритус рафт. Ба роҳбарияти муассисаи нақлиётӣ моҳияти масъаларо дуруст фаҳмонд ва ронандаи аз кор рондашударо ба кор барқарор намуд. Дар натиҷаи ин баҳсу талош ронанда соҳиби «Волга»-и нав гардид ва Сатторро бародар хонд. Саттор бошад, аз ин ҳама панди хубе гирифт. Бамулоҳизатар шуд.
Аз саргузаштҳои айёми тифлии шодравон Нурхон Ниёзов (собиқ сармуҳаррири рӯзномаи вилоятии «Новый Хатлон») дар «Чархи гардун» қиссае ба нашр расонд. Дар он мавод сухан дар бораи он мерафт, ки Нурхон бо духтарони аммааш тифлии хуррамонае дошт ва баъди он, ки Нурхонро ба интернати Орҷоникидзеобод оварданд, аз онҳо ҷудо гардид. Дигар эшонро надидааст. Нурхон таҳсилро идома дода, журналист шуд. Борҳо ба Қубодиён - зодгоҳаш сафар кард. Дар бораи тақдири одамон навишт. Одаму оламро шинохт, вале ҷойи холии духтарони аммаашро дар зиндагии ӯ касе пур карда натавонист. Пас аз чопи мавод дар «Чархи гардун» зане аз Душанбе ба суроғи акои Саттор омад, ки духтари аммаи Нурхон будааст. Хоҳараш бошад, дар Колхозобод (Балхӣ) ба сар мебурдааст. Онҳо баъд Нурхонро пайдо карда, робитаи хешу табориро барқарор намуданд. Саттор шоҳиди хушбахтии қаҳрамони хеш гардид, бо нашри як мақола ҷудоии 30-соларо аз байн бурд.
…Дар айёми бесарусомониҳо хонаашро ду маротиба дузд зад. Акои Саттор ва завҷааш Ганҷинисо одамони хуб, ки ҳастанд, ҳамсояҳояшон кӯмакашон карданд ва бомаром зиндагиашон ба маҷрои пешина баргашт. Аз ин давраи ҳассос вохӯриаш бо Раҳматулло Шарипов, сардори Агентии дар минтақаи Қӯрғонтеппабудаи паҳнкунандагони матбуоти даврӣ ва ғайридавлатӣ (собиқ раиси иттифоқи касабаи кормандони тиб) фаромӯшношуданист. Аз байни як даста рӯзномаҳое, ки Раҳматулло дар даст дошт, рӯзномаеро бо номи «Чархи гардун» дида, мутолиа кард ва рӯзи дигараш қиссае таҳти унвони «Ашки падар» навишта, ба «Чархи гардун» фиристод. «Ашки падар» чоп шуд. Аз ин руҳбаланд гашта, акои Саттор ба ин рӯзнома пайи ҳам маводҳои рӯзмарра ва хонданӣ навишта фиристод. Ва ҳаққи қаламе, ки мегирифт, ба беҳдошти рӯзгораш мусоидат мекард. Се сол бо ин рӯзнома ҳамкорӣ кард ва танҳо баъди се сол бо сардабири ин рӯзнома Акбари Саттор дар тӯйи худи Раҳматулло шинос шуд.
- Ӯ шуҳратҷӯ нест. Сода карда гӯем, ҳалолкор аст. Аз ин рӯ, маводҳояш ба ҳама писанданд, - мегӯяд акои Раҳматулло. - Вақти чоп кардани маводҳои акои Саттор хасташавӣ ва гузаштани вақтро эҳсос намекунам. Ҳар навиштааш як навигарӣ дорад, - мегуфт компютерчиамон Зуҳробону. Ин андешаи Зуҳробону комилан дуруст аст. Ва ман ба гуфтаҳои ӯ меафзоям, ки хонандагон 40 сол боз навиштаҳояшро мехонанду лаззат мебаранд, хаста намешаванд ва мехоҳанд, ки боз 40 соли дигар ин қаламкаши дӯстдоштаашон хомаронӣ кунад.
Ҳамин тавр, фаъолияти эҷодии Саттор Қарахоновро ба се давра шартан метавон тақсимбандӣ кард. Рӯзномаи ноҳиявии «Ҳақиқати Колхозобод», «Навиди Вахш», «Хатлон» ва «Чархи гардун». Аммо дар ҳамаи ин давраҳо бар замми сифатҳои дигараш, қатъият ӯро роҳнамо буд. Борҳо даъваташ карданд ба дигар соҳа, ба кор нагузашт ва оқибат роҳи дили хонандагонаш нишон дод, ки тай кардани ин роҳи пуршараф на ба ҳар эҷодкор муяссар мешавад.
- Вақте Саттор тасвиргарӣ мекунад, аз лаҳзаи муқаррарие зебоӣ меофарад. Асное, ки муҳокима меронад, хонандаро ба андешамандӣ ва некбинӣ мебарад. Ҳангоме ки таҳлилу муқоиса менамояд, хулосаи дуруст бароварданро талқин мекунад, - мегӯяд дар ҳаққи ӯ Давлатҷон Султонов (собиқ мухбири «Садои мардум» дар вилояти Хатлон).
Ӯ эҷодкори эътирофшуда аст. Бо сари хам дар ҷодаҳои Қӯрғонтеппа (ҳозира Бохтар) қадам мезанад, вале хаёлаш осмонӣ ва суханаш гирову ҷаззоб аст. Аз он ба қуллаи баланди эҷод расидааст, ки ҳамаро эътироф мекунад, ба кулли одамон меҳр дорад. Ва ин зиндагӣ барои ӯ як олами меҳри беолоиш, як ҷаҳони пуртазоди зебо аст. Одамон нек мегӯянд, бад мегӯянд, сифат ё ғайбат мекунанд, ҳамаи инро мебинад ва дар мизони андешаву хаёл баркашида, сипас, воқеъбинона ба эҷоди очерку лавҳа, гузоришу хабар, ҳаҷвияву фелйетон ва ғайра даст мезанад. Интихоби мавзӯъ ва қаҳрамонаш, ки саҳеҳ, аниқ аст, таҳлилу муқоиса ва хулосаҳояш ҳам ҳаётӣ мебароянд. Аз ин рӯ, ӯ ҳамаро мешиносад ва ҳама ӯро чун хабарнигори чирадаст пазируфтаанд.
Одати аз ҳама хуби акои Саттор ҳамчун эҷодкор он аст, ки эроди ҳамкоронро мепазирад ва навиштаашро ислоҳ мекунад. Аз эроди шогирдони навкор ҳам шод мешавад. - Маводро бо ҳамкорон муҳокима кардан, фикри онҳоро фаҳмидан мактаби омӯзиш аст, - мегӯяд акои Саттор.
Хуллас, мо аз ӯ меомӯзем, ӯ аз мо. Ҳамин аст рӯзноманигорӣ. Ба яке меомӯзонӣ, аз дигаре меомӯзӣ. Барои ман акои Саттор воқеан ҳам Атторе дар рӯзноманигорӣ аст. Ҳар як навиштааш мисли гуле ё гулбуне мебошад, ки рангу бӯ ва накҳати хоса дорад. Ва аз он диди тозаи муаллиф ба хонанда роҳи нуру рӯшноиро нишон медиҳад. Ин шаъшаъа роҳи байни дили одамонро мунаввар карда, дар оинаи замон симои онҳоро мунъакис менамояд.
То худро бубинанду бишносанд. Ин ҳамаро акои Саттор эҳсос мекунад ё не, намедонам. Вале як чиз аниқ аст, ки ӯ дар зиндагӣ рисолати инсонӣ ва вазифаашро чун рӯзноманигор пурра иҷро карда, ба бузургӣ расидааст. Ва дар ин бузургӣ ӯро хоксорию фурӯтанӣ, шикастанафсию ботавозӯӣ, дидадароию шикебоӣ комилтар кардаанд.
Усмон БИЛОЛӢ,
узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...