Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » 70 соли умри пурбаракат


70 соли умри пурбаракат



Имрӯз пайғоми хуше бароям ирсол гардид, ки суханвари санҷида, ҷонфидои матбуоти тоҷик, ба синни мубораки 70 расидааст. Ин ҷашни фархундаро барояшон табрик мегӯям. Саттор Қарахонов барои хонадони мо шахси ниҳоят азиз ҳастанд. Баъди аз дорулфано ба дорулбақо пайвастани устоди сухан, собиқ сармуҳаррири рӯзномаи “Хатлон” Муқим Абдураҳмонов одамияти воло ва зангҳои пайвастаи эшон моро аз яъсу ноумедӣ раҳонида тавонист. Орзу дорам, ки ин абармарди санъати сухан ҳамеша тансиҳату муваффақ бошанд. Килки хушгуфторашон дар ҷавлонгаҳи боғи сухан ҳамеша партавафшонӣ намояд.

Ҳамеша бахту давлат ёратон бод,
Ҳамин аст орзуи ҷамъи ёрон.


Бо эҳтиром,
аз вилояти Суғд аҳли оилаи шодравон
Муқим АБДУРАҲМОНОВ (сармуҳаррири
рӯзномаи «Хатлон» дар солҳои 1978-1992)

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода