Баҳри миллат хизматаш дар саҳфаҳо пайдо бувад
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 29 декабр, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо / Чеҳранигорӣ, Боздид 495
Ба дӯст, бародар, рӯзноманигори муваффақу комёб, азизи диле, ки беш аз 40 сол ҳамроҳаш дар рӯзномаи вилоятии имрӯза «Хатлон» ҳамкор будаму чун инсони неку шарафманд шинохтамаш, яъне Абдусаттор Қарахонов, ин сатрҳои шогирдона ба муносибати 70-солагии зодрӯзаш бахшида шудаанд. Шеъргуна бо санъати мувашшаҳ эҷод гардида. Яъне агар ҳарфи аввали ҳар сатрро аз боло ба поён хонем, номи зебои Абдусаттор пайдо мегардад.
Аҳуромаздои замони мо Саттори мо бувад,
Баҳри миллат хизматаш дар саҳфаҳо пайдо бувад.
Дар қалам, дар тасвири меҳру муҳаббатҳои халқ,
Умри некӯи пасисаркардааш маъво бувад.
Солҳо дар арсаи фарҳанг, дар рӯзномаҳо,
Аз азизи дил ҳазорон ёдгорӣ мондааст.
Тарзи тасвири басо ҷолибу мақбули ҳама,
Туҳфаи Яздон, истеъдоди модарзода аст.
Орзу дорам, ки бинад умри Саъдии сухан,
Раҳнамо Ҳақ бошаду бошад дуогӯ халқи ман!
Давлати Султон , аз Федератсияи Россия
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00