Устоде бо лутфи латиф
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 29 декабр, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо / Чеҳранигорӣ, Боздид 920
Устод Саттор Қарахонов пири дилҷавони идораи рӯзномаи “Хатлон”-и мост. Дар журналистика соҳибмактабу соҳибқалам буда, пайваста мекӯшад, то мо - ҷавононро низ аз таҷрибаи бисёрсолаи худ дар ин соҳа баҳравар гардонад.
Аз рӯзҳои аввали дар идораи рӯзномаи “Хатлон” ба кор шурӯъ карданам дар навиштани матлаб ва ба кадом жанр нисбат додани он дучори мушкилӣ мешудам.
Устод Қарахонов ба ман маслиҳатҳои устодона медоданд. Саттор Қарахонов эҷодкори нуктасанҷ буда, ба ҳар як рӯйдоди кӯчак обу ранги бадеӣ дода, ба як матлаби хуби журналистӣ табдил медиҳанд. Он кас на танҳо дар навиштани очерку мақола, балки дар қолаби жанрҳои дигар, ҳаҷвияву латифаҳои намакин қалами созанда, истеъдоди баланди сухангустарӣ доранд.
Пеш аз навиштани матлаб мавзуи онро ба Устод Саттор нақл мекунам, он кас ҷавҳари матлабро ба ман фаҳмонда, барои ҷолибу ҷаззоб гаштани он маслиҳат медиҳанд.
Саттор Қарахонов на танҳо дорои касбияти баланди журналистӣ, балки инсони хоксору фурӯтан аст. Ҳар рӯз бо иродаи хастанопазир ва бо дасту дили гарм ба кор шурӯъ мекунанд. Мо-ҷавононро бо латифаҳои шакарин ва лутфи латифашон ба кору зиндагӣ дилгарм менамоянд. Ман ҷавони хушбахтам, ки дар паҳлуи ин шахсияти бузурги соҳаи журналистика фаъолият мекунам ва аз таҷрибаи бисёрсолааш дар пешбурди фаъолияти эҷодии хеш истифода мебарам.
Ба устод Саттор Қарахонов, ки рӯзи 1 январ ба синни мубораки 70 мерасанд, сиҳатмандӣ, саодатмандӣ ва рӯзгори неку осударо орзумандам. Аз даргоҳи Яздони пок хоҳонам, ки ба умрашон 70 соли дигар зам шавад, то сояи он кас дар болои сари мо - навқаламони соҳаи рӯзноманигорӣ бошад. Саттор Қарахонов бо ҳастияшон ба идораи рӯзномаи «Хатлон» сафову хушнудӣ меоранд.
Фарида Баротова ,
”Хатлон”
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00