Устоди соҳибмактаб
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 27 декабр, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо / Чеҳранигорӣ, Боздид 378
Устод Саттор Қарахонов аз зумраи публитсистони соҳибном ва соҳибмактаб мебошад, ки дар баррасии матолиби иҷтимоӣ ва воқеӣ дасти тавоно дорад. Устод эҷодкорест, ки дар навиштаҳояш ба воқеаҳо ва масъалаҳои муҳими ҳаётӣ бештар дахолат намуда, дар маърифати иҷтимоӣ ва ҳаллу фасли онҳо саҳмгузор мебошад.
Устод дастгири аксари журналистони навроҳ дар идораи рӯзномаи “Хатлон” мебошад. Мо низ дастпарварони мактаби эҷодии устод мебошем, ки навиштаҳои мо зери таҳрири устод ба чоп мерасиданд.
Устод чун публитсисти дақиқназар дар нигоштаҳои худ муҳимтарин масъалаҳои замони муосирро инъикос намуда, паҳлуҳои гуногуни зиндагӣ ва одамонро ба тасвир мегирад. Ӯ аз ҳаёти воқеии мардум, рӯзгор, мушкилот ва кору зиндагии онҳо қиссаҳо мекунад. Забони таълифоти ӯ хеле шево буда, тасвироту афкораш содаву фаҳмо ба назар мерасанд. Яъне ибораву ҷумлаҳое, ки меофарад, бисёр кутоҳ ва муъҷаз нигошта шуда, ҳангоми хондан касро дилгир намекунанд.
Аз ин фурсат истифода бурда, мо-сарбозони қаторӣ устодро ба муносибати 70-солагиашон самимона шодбош намуда, ба устоди азиз комгориву пирӯзӣ, тансиҳатӣ, рӯзгори хушу осуда ва дар фаъолияти эҷодиашон дастовардҳои бештарро таманно дорем.
Далер Ибодуллозода ,
Набиҷони Саидаброр ,
сарбозони Артиши миллӣ
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00