«Падари газета»
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 27 декабр, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо / Чеҳранигорӣ, Боздид 455
Баробари ба забон овардани исми шарифи Саттор Қарахонов пеши чашмам якбора ду акс ҷилва мекунад. Яке акси зоҳири ӯ, дигаре бастаҳои зиёда аз 40-солаи рӯзномаи “Хатлон”. Марде орому ботамкин, сермутолиа, ҳамеша машғули ислоҳу таҳрири навиштаҳо... Кори чандин нафари дигарро соатҳо бо амри виҷдон, бомасъулиятона, бидуни “туву ман” ба анҷом мерасонад.
Бале, пайроҳаи тайкардаи устод Саттор Қарахонов мисли занҷираи қавии ногусастаниест бо рӯзнома. Ҳамон гуна, ки моҳӣ ба об муҳаббат дорад, самимияту садоқати устод низ ба рӯзнома баръало эҳсос мешавад. Субҳ, пеш аз оғози соати корӣ аввалин нафарест, ки ба корхона ҳозир мешавад ва шом низ дилу нодилон аз коргоҳ берун меравад.
Аз бозе, ки устодро мешиносам, на фақат ба рӯзномаю кормандонаш, балки ба ҳар як гулу буттаи парваришии идора низ муҳаббати хоса дорад. Ҳамон гуна, ки рӯзномаро дӯст медорад, ҷавононро низ моили хеш месозад, ба гули гулдонҳои редаксия мисли фарзандонаш муносибату ғамхорӣ мекунад. Дастони гуларвар дорад.
Зарофатгӯиву шӯхтабъии Саттор Қарахонов аз ҷумлаи сифатҳои бешумору нодири устод аст, ки бо ҳузураш ҳама базму маҳфилҳоро гарму ҷаззоб мегардонад. Тарзе табъро болида месозад, ки гӯё дар риштаи ҳаҷв ҳунари хоса дошта бошад.
Барои мо - бонувони рӯзнома, ки мисли фарзандонаш эҳтиромамон мекунад ва мо низ аз як падари маънавӣ камаш намедонем, аз таҷрибаи ғании корӣ бо бонувони қаламкаши Хатлонзамин қиссаҳои аҷибу сабақомӯз нақл мекунад. Ҳар суҳбати дилнишини ӯ барои мо - кормандони нисбатан ҷавон пандномаи бузургест.
Инак, Саттор Қарахонов ҳафтод баҳору ҳафтод хазон, ҳафтод гармову ҳафтод сардиро паси сар кардааст.
Шояд бо ин ҳафтодҳо ҳазору як достонҳои ҷолибро пушти сар намудааст, ки барои навиштани даҳҳо китоби ёддошт мавод диҳад. Мутмаинам, ки ҳатман бар сари ин ишораи мо меандешад ва асарҳои ёддоштии ӯ барои садҳо нафар қаламкашони ҷавони тоҷик роҳнамои эҷод хоҳанд шуд. 50 сол эҷод кардан, ҳарфи тафсири замонро нигоштан, нав ҷустан, нав гуфтан кори саҳлу сода нест. Саттор Қарахонов тӯли ин муддат аз “писари газета” ба мақоми “падари газета” расидааст. Ҳалолаш бод!
Имрӯз, ки ба синни мубораки 70 мерасад, барояш саломатию сарфарозӣ мехоҳам. Бо он муҳаббату садоқате, ки ба рӯзнома дорад, орзумандам, ки умри матбуоти тоҷикро бубинад ва қаламаш ҳамеша сабз бод!
Ҳамон гуна, ки устод дилбастагӣ ба рӯзнома дорад, мо - фарзандонаш низ ба ӯ муҳаббату ихлос дорем.
Илоҳо, садсолагии ду пайванд - рӯзнома ва Устодро бо ҳузури худаш бубинем!
Ҳангомаи ИСМАТ,
мудири шуъбаи адабиёт ва ҳунари рӯзномаи “Хатлон”
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00
-
6-04-2022, 12:41
«Дар маҷмӯъ, мафҳум ва тафаккури дунявӣ дар фарҳанги мо бо дарки илмии истилоҳоти «миллат»,...
-
4-12-2021, 12:59
Шоир ва публитсисти шинохтаи тоҷик Мирсаид Миршакар яке аз нахустин муҳаррирони нашрияи «Сохтмони...
-
5-05-2022, 08:39
Шоир ва публитсисти шинохтаи тоҷик Мирсаид Миршакар яке аз нахустин муҳаррирони нашрияи «Сохтмони...