Мирсаид Миршакар – поягузори журналистикаи водии Вахш
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 05 май, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 1 024
Шоир ва публитсисти шинохтаи тоҷик Мирсаид Миршакар яке аз нахустин муҳаррирони нашрияи «Сохтмони зарбдори Вахш» - аввалин рӯзнома дар водии Вахши вилояти Хатлон дар оғози солҳои 30-юми асри XX буд. Доир ба публитсистикаи М. Миршакар дар илми журналистикаи тоҷик пажӯҳиши муҳаққиқ Бахтиёри Қутбиддин ҷойгоҳи хоса дорад.
Аммо фаъолияти журналистии Мирсаид Миршакар дар саҳифаҳои рӯзномаи сохтмони Вахш, талошҳояш барои шаклгирии ҳавзаи адабӣ, ба роҳ мондани робитаҳои эҷодию фарҳангии ӯ дар солҳои сиюми асри гузашта аз ҷониби муҳаққиқон пурра омӯхта нашудааст. Таҷрибаи бесобиқаи кори Миршакар дар «Сохтмони зарбдори Вахш» барои ташкил ва нашри рӯзномаҳои дигари музофотӣ дар қаламрави вилояти Хатлон замина ва шароити мусоид фароҳам овардааст. 8 феврали соли 1931 қароре дар бораи таъсиси рӯзнома бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ба тасвиб расид. Моҳи майи ҳамон сол дар қитъаи марказии сохтмони Вахш комсомолҳо нахустин шумораи рӯзномаи девориро бо номи «Сохтмони зарбдори Вахш» («Ударник Вахшстроя») таҳия карданд, ки баъдтар ҳамчун нашрияи бисёртиражаи (орган)-и кумитаи ҳизбӣ, кумита ва раёсати сохтмон муаррифӣ мешуд.
Азбаски рӯзномаи деворӣ тамоми ҷабҳаҳои ин сохтмони азими стратегиро инъикос намуда, доираи васеи хонандагонро фаро гирифта наметавонист, зарурати таъсиси нашрияи бисёртеъдоди касбӣ ба миён омада буд. Дар бораи ташкили рӯзномаи бисёртеъдод дар маҳалли сохтмони Вахш ва тавлиди номи ин нашрия кормандон ва ташаббускорони таъсиси «Ударник Вахшстроя» Д. Гойфман, В. Коночкин, Л. Немковский, Мирсаид Миршакар ва фотеҳони дигари Вахш дар мақолаҳо ва китобҳои хотироти худ маълумот додаанд, ки барои навиштани таърихи рӯзномаҳо ва таърихи сохтмони Вахш ҳамчун маводи муътамад хизмат мекунад. Аз ҷумла узви бюрои ташкилии кумитаи комсомолӣ ва ҳамзамон узви ҳайати таҳририяи сохтмон Василий Коночкин чунин ёдовар мешавад: «Рақами аввали рӯзномаи деворӣ моҳи майи соли 1931 дар қитъаи асосӣ нашр гардид.
Ба чоп омода сохтану ороиши онро Леонид Немковский (муншии бюрои ташкилии кумитаи комсомолӣ – Н.М.) ва ман ба ҷо овардем. Аз байни вариантҳои гуногун номи «Ударник Вахшстроя»-ро интихоб намудем. Ин унвон баъдан органи табъу нашри «Вахшстрой» гардид». Нашрия бо унвони «Ударник Вахшстроя» ба забони русӣ ва ба номи «Сохтмони зарбдори Вахш» ба тоҷикӣ (ҳуруфи лотиниасос) интишор мегардид. «Сохтмони зарбдори Вахш», ки аввалин нашрияи водии Вахш буд, корҳои зиёдеро дар сохтмону азхудкунии водӣ ба анҷом расонид. Рӯзномаи ҳизбии низоми ирригатсионӣ (обёрӣ)-и Вахш бо роҳбарии Мирсаид Миршакар дар маъракаи маҳви бесаводӣ миёни кормандон, бахусус меҳнаткашони бумӣ ё таҳҷоӣ, саҳми қобили мулоҳиза дошт.
Сохтмончиёни низоми ирригатсионии Вахш яке аз гурӯҳҳои коргарии пешоҳанги ҷумҳурӣ буданд, ки дар миёни онҳо ба ҷуз тоҷикон, ҳамчунин русҳо, укроиниҳо, қирғизҳо, олмониҳо, афғонҳо ва қазоқон, кашмирию тоторҳо, гурҷию осетинҳо, ӯзбекону қошғариҳо заҳмат мекашиданд. Мешавад гуфт, ки солҳои аввали кор дар сохтмони Вахш равияи наве дар журналистикаи тоҷик ба миён омад, ки қиссаҳо аз кору рӯзгори собиқадорони меҳнат буд. Аввалин очеркҳо дар матбуоти вилояти Хатлон маҳз ҳамон солҳо навишта шуданд, ки марбут ба кормандони сохтмони Вахш буд.
Олимони соҳаи журналистика Иброҳим Усмонов ва Давлат Давронов хусусияти матбуоти солҳои сиюмро таҳлил намуда, қайд кардаанд, ки «матбуоти даврагӣ асосан аз ҳисоби газетаҳои районӣ, қисмҳои сиёсӣ ва матбуоти поёнӣ меафзуд» ва рӯзномаҳои сертираж дар МТСҳо, сохтмонҳои зарбдор, баъзе колхозҳо чоп мешуданд». Таъсиси рӯзнома дар водии Вахш низ сиёсати ҳукумат ва ҳадафи онро пайгирӣ мекард. Мирсаид Миршакар сарфи назар аз ҷавониаш (ҳамагӣ 20 сол дошт), соли 1932 барои пайвастан ба кори сохтмон ва муҳарририи ягона нашрияи тоҷикии «Вахшстрой» ба водии Вахш омад. Лауреати мукофоти давлатии СССР ва Шоири халқии Тоҷикистон М. Миршакар дар як мусоҳибааш аз ҷумла нигоштааст, ки азхудкунии заминҳои во дии Вахш ба корнамоиҳои панҷсолаҳои аввал тааллуқ дорад. «Ман яке аз иштирокчиёни он будам. Газета оинаи ҳаёт, оинаи қаҳрамониҳои халқ аст», - гуфтааст М. Миршакар.
Соли 1982 дар рӯзномаи ноҳиявии «Вахш», ки 50-солагии таъсисёбии он ҷашн гирифта шуд, Мирсаид Миршакар аз хотироти солҳои аввали фаъолияташ дар рӯзномаи «Сохтмони зарбдори Вахш» чунин навишта буд: «Маро соли 1932 ба Комитети Марказӣ даъват намуда, гуфтанд: - Ба Вахш меравед. Он ҷо ба газетаи «Сохтмони зарбдори Вахш» муҳаррир мешавед. - Ҳоло ман ҷавон, - гуфтам. - Республика ҷавон аст. Сохтмон ҳам. Баробари онҳо қадам мезанед ва камол меёбед, - гуфтанд ба ман. Одамони фидокор ва диловар дар сохтмон бисёр буданд. Муҳаррири аввалини газетаи «Сохтмони зарбдори Вахш» Насрулло Абдуллоев ба хондан рафту ман ба ҷойи вай гузаштам. Дар назди идораи газета маҳфили адибони ҷавон амал мекард. Он ба пешрафти кори мо - адибони ҷавон кумак расонд. Ман дар ҳамин ҷо достони аввалини худ «Ливои зафар»-ро, ки ба дӯстии халқҳо бахшида шуда буд, навиштам».
Тавре ки профессор Маҳамадӣ Ҳамроев дар асараш «Таърихи обёрии Вахш» зикр мекунад, нашрияҳои тоҷикию русии «Вахшстрой» камбудию норасоиҳо, саҳву хатоҳоро ошкор мекарданд, коллективи сершумори бинокоронро ба мусобиқаи сотсиалистӣ ва ҳаракати зарбдорӣ, ба тезондани суръати корҳои сохтмонӣ ҳидоят ва сафарбар менамуданд. Дар саҳифаҳои рӯзнома пешқадамҳои истеҳсолотро ҳамаҷониба ташвиқу тарғиб намуда, танбалону бепарвофалаконро бераҳмона зери тозиёнаи танқид гирифта, унсурҳои душманона фош карда мешуданд. «Ударник Вахшстроя» ва «Сохтмони зарбдори Вахш» рейд мегузарониданд, ҷараёну суръати корҳоро дар иншооту каналҳо, ҳолати нақлиёту механизм ва шароитҳои маданию маишии коргаронро тафтиш мекарданд. Мирсаид Миршакар солҳои сиюм дар назди нашрияи «Сохтмони зарбдори Вахш» маҳфили адибони ҷавонро ташкил дод. Ин нахустин мактаби кашфи истеъдодҳо ва сайқали маҳорати нигорандагии адибони ҷавон дар водии Вахш буд.
Пас аз 40 сол, охири солҳои 70-уми садаи XX, маъмурияти рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Қӯрғонтеппа» низ ба ин мактаби адабии Миршакар пайравӣ карда, маҳфили «Гулбарг»-ро таъсис дод, ки дар он низ эҷодкорони зиёде аз шаҳру ноҳияҳои вилоят гирд омада буданд. «Фаъолияти журналист дар майдонҳои пуршӯри сохтмону ободониҳо дар даврони шӯравӣ фарзияе ба ҳисоб мерафт, ки аз як ҷониб муайянкунандаи шуҳрату мақоми ояндаи эҷодкор буд, - қайд кардааст олим Б. Қутбиддинов. – Дар сохтмони Вахш фаъолият намуда, дар бораи ҳаёт, меҳнати коргарон, дӯстии халқу миллатҳои гуногун, душманону нотавонбинони ниқобпӯш, ки дар сохтмон кор мекарданд, натанҳо дар рӯзномаи ноҳиявии «Зарбдори сохтмони Вахш», балки дар рӯзномаҳои марказӣ низ матолиби гуногуни худро нашр менамуд».
Дар ҳақиқат, офаридани асарҳои нав дар маҳалли сохтмони Вахш Мирсаид Миршакарро дар доираҳои адабӣ ҳамчун рӯзгоманигор ва шоири соҳибқалам муаррифӣ намуд. Соли 1934 дар анҷумани нахустини нависандагони тоҷик Садриддин Айнӣ оид ба достони «Ливои зафар»-и Миршакар, ки дар замони муҳарририи ӯ ба нашрияи «Сохтмони зарбдори Вахш» эҷод шудааст, сухан кушода, дар бораи сохтмони азими Вахш манзума навиштани Миршакарро «ҷуръати калон» номид. «Он чизе, ки ту навиштаӣ, қатрае аз баҳр аст. Барои ту аз ҳаёти сохтмон навиштан нисбатан осонтар аст. Ту бевосита ҳам мушоҳидакор ва ҳам иштирокчии кори сохтмон ҳастӣ. Хамаи он воқеаҳои аҷиб дар пеши назари ту ба вуҷуд меоянд. Афсӯс, ки ту насрнавис нестӣ… Номи достонат «Ливои зафар» аст. «Ливои Зафар» номи хубест. Лекин сохтмон ҳанӯз давом дорад ва он чизе, ки ту навиштаӣ, ибтидои зафар аст… Достон, ба вазни «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ навишта шудааст, ин дуруст аст.
Ҷанги одам бо оби Вахш ҳам қаҳрамонист. Барои ҳар мавзӯъ вазну оҳанги ба худаш хосе ёфтан лозим аст…», - машварат дод С. Айнӣ ба шоири ҷавон М. Миршакар. Абулқосим Лоҳутӣ низ мавзӯи достони «Ливои зафар»-и Миршакарро муҳиму актуалӣ хонда, ба ӯ машварат додааст, ки барои ба даст овардани ду чизи асосӣ – забон ва ғоя ҳамеша дар байни халқ буда, бо мардуми гуногунмиллати сохтмон ҳамсуҳбат шавад. Мирсаид Миршакар дар ахбори фишурда, мақолаву очеркҳояш мекӯшид, ки набзи сохтмони азимро бо вусъаташ инъикос кунад. Муҳаррири ҷавон дар ҳамин ҷо ба сафи партияи болшевикӣ шомил гардид. Аммо натанҳо хабару очерк ва шеърҳои рӯҳбахш ва тараннумкунандаи сохтмони Вахш, балки матолиби интиқодии зиёд низ ба қалами М. Миршакар мансуб аст. Муҳтавои заифи газетаҳои деворӣ, фаъолияти сусти бригадаҳои сохтмонӣ, татбиқ нашудани барномаҳои идеологӣ дар маҳалли Вахшстрой аз ҷумлаи мавзӯъҳое буданд, ки зери тозиёнаи танқиди муҳаррири «Сохтмони зарбдори Вахш» қарор гирифта буданд.
Дар мақолаи худ зери номи «По новому работать, по новому руководить» («Бо усули нав кору роҳбарӣ кунем») М. Миршакар аз фаъолияти созмони комсомолии Панҷи Поён интиқод кардааст, ки қарорҳои Кумитаи марказии ВЛКСМ-ро нодида мегирад. М. Миршакар дар ин мақола аз усулҳои танқид бо лаҳни тунд, муқоиса, мушоҳида, ба миён гузоштани саволҳои риторикӣ, баҳодиҳӣ ва масъалагузорӣ истифода кардааст. «Низоми ҷиддӣ дар кори созмони комсомолӣ, ба роҳ мондани фаъолияти босуръат ва босифат, иҷрои қатъии тамоми амру қарорҳои ҳизб, иттиҳодияҳо, ҳукумат ва намояндагони он аз ҷониби ҳар як корманд шарт аст. Ба масъалаи бозсозии ташкилотҳои комсомолӣ бояд таваҷҷуҳи аввалиндараҷа дода шавад», - омадааст дар ин мақола. Мирсаид Миршакар Вахшро «сарчашмаи илҳоми худ» медонист.
«Ман дар ҳамин ҷо чун шоир, коммунист обутоб ёфтам. Водии Вахш сар то сар пур аз хотираҳои талху ширини айёми ҷавонии ман аст. Зеро ман дар ҳамин ҷо лаззати меваи дӯстии халқҳоро чашидаам. Бе водии зархези Вахш тарҷумаи ҳоли ман нопурра мемонад», - навиштааст ӯ дар яке аз китобҳои хотираҳояш. Ба маҳалли сохтмони Вахш дар баробари шоирону нависандагони маъруфи хориҷӣ ҳамчунин адибони шинохтаи тоҷик низ бо ҳадафи «тарғиботи бартарии усули сотсиалистӣ ва суҳбату мулоқот бо ҷавонони коргари сохтмон» ташриф меоварданд, ки яке аз онҳо Абулқосим Лоҳутӣ буд. Ду рӯз қабл аз омадани Лоҳутӣ муҳаррири рӯзномаи «Сохтмони зарбдори Вахш» Мирсаид Миршакар ва муҳаррири рӯзномаи русизабони «Ударник Вахшстроя» Семён Ляховичро ба кумитаи ҳизбии сохтмон даъват карда, фармуданд, ки дар ҳарду рӯзнома акс ва шеърҳои шоири инқилобии Шарқ Лоҳутиро ба чоп расонанд. Миршакар ба қавли худаш, «шеъри таъҷилӣ»-е оид ба хизматҳои Лоҳутӣ навишту онро корманди рӯзномаи русизабон Дорошев ба русӣ тарҷума кард ва ин шеър дар ҳарду газета рӯйи чоп омад.
Мирсаид Миршакар кӯшиш мекард, ки дар саҳифаҳои аввалин нашрияи водии Вахшон оид ба меҳнати зарбдори коргарон, ташвиқи кори коллективӣ ва сотсиализм матлабҳо ба табъ расонад. «Мубориза барои ҳарчӣ зудтар ба анҷом расонидани сохтмони Вахш, дар айни ҳол мубориза барои аз ҷиҳати пахта рӯйи ҳоҷат наовардани СССР, мубориза барои даҳҳо ҳазор деҳқононро бо замин таъмин кардан, мубориза барои бардоштани иқтисодиёти республика буд. Инро ҳам дӯстони мо ва ҳам душманони мо хуб медонистанд, яке аз сабабҳои дар сохт-мон тундутез шудани муборизаи синфӣ низ ҳамин буд», - навиштааст М. Миршакар дар асари хотиравии худ «Ёди ёри меҳрубон».
Бояд зикр кард, ки газета барои «Вахшстрой» дар ҳақиқат ҳам қувваи бузург буд. Бо кадом масъалае, ки газета баромад кунад, он дар муддати кӯтоҳ ҳалли худро, албатта, меёфт. Кор дар идораи газета чандон осон набуд. «Махсусан чоп намудани шумораи тоҷикии «Сохтмони зарбдори Вахш» меҳнати зиёдро талаб мекард. Одамони босаводе, ки дар кори газета ёрмандӣ кунанд, аз байни коргарони маҳаллӣ кам буданд». Миршакар ва ду нафари дигар ҳама кори омода ва чоп намудани газетаро иҷро мекарданд. Бригада ба бригада гашта, барои газета мақола ҷамъ меоварданд. Гоҳо газетаро ба воситаи радио хонда медоданд.
Бино ба маълумоти М. Миршакар ва докторони илми таърих М. Ҳамроев, Х. Абдуназаров, метавон хулоса кард, ки бо рӯзномаи «Сохтмони зарбдори Вахш» аз миёни кормандони тоҷикзабони «Вахшстрой» бештар Облоқул Ҳақбердиев, Давлат Мулло, Қодир Наимов, Иброҳим Сафар, Сафаралӣ Қурбон, Давлатбек Ҳайдарқулов ва Ҷумъабоев ҳамкорӣ мекардаанд. Рӯзномаи «Сохтмони зарбдори Вахш» дар баробари тарғиби барномаи сохтмони умумииттифоқии системаи обёрии Вахш ва васфи кори заҳматкашон, ҳамчунин оид ба камбудиҳо масъалагузорӣ карда, ҷараёни ислоҳи мушкилотеро, ки мавриди танқид қарор дода буд, пайгирӣ менамуд. Рӯзнома онҳоеро, ки бо барномаи обёрии водӣ ва сохтмони Вахш розӣ набуданд ва саҳлангорӣ нишон медоданд, «душманони ҳаёти нав» меномид ва ба боди интиқод мекашид. Аммо танқиду масъалагузорӣ дар рӯзнома ҳарчанд барои рафъи мушкилот мусоидат мекард, барои қаламкашон ин кор хавфу хатаре ҳам дар пай дошт.
М. Миршакар дар китоби хотираҳояш аз як мавриди сӯйиқасд ба ҷони мухбири рӯзномаи «Сохтмони зарбдори Вахш» чунин ёдовар шудааст: «Боре як нафар коргарро, ки аз мухбирони фаъоли мо буд, сахт латукӯб мекунанд. Ӯро мурда пиндошта, монда мераванд. Баъди ба худ омадан душманонро як-як номбар мекунад. Онҳо барои ин кирдорашон ҷазои сазовор гирифтанд. Бо ин амалашон (онҳо) байни коргарон тарсу ҳарос ва нобаробариро паҳн кардан мехостанд. Аммо ба мақсади ғаразноки худ нарасиданд». Мирсаид Миршакар ҷойи дигаре ишора кардааст, ки дар солҳои 30-юм баъзан мақолаҳо аз рӯйи ғараз ва дур аз ҳақиқат навишта шуда, эҷодиёти қаламбадастон «дурусту ҳартарафа» таҳлил карда намешуд.
Аммо вай шарҳ надодааст, ки мушаххасан чиро дар назар дошт ва «аз ҳақиқат дур навишта шудани мақолаҳо»-ро сабаб чӣ буду матолиби таълифгардида чӣ мавзӯъ ва муҳтаво доштанд. Гузоришу репортажҳои рӯзномаи «Сохтмони зарбдори Вахш», бахусус навиштаҳои Мирсаид Миршакар, ки дар «Вахшстрой» ҳамзамон вазифаи ҷамъиятӣ (котиби ташкилоти комсомолии сохтмон) низ дошт, баёнгари таърихи рӯз ба рӯзи кори сохтмони системаи ирригатсионии Вахш дар солҳои 30-юми асри гузашта мебошанд.
М. Миршакар дар мақолааш «Ҷавониамро азиз медонам», ки соли 1982, ба шарафи 70-солагиаш, дар рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Қӯрғонтеппа» ба чоп расонда буд, бо ёдоварӣ аз солҳои фаъолияташ ба ҳайси муҳаррири рӯзномаи «Сохтмони зарбдори Вахш», чунин навиштааст: «Баъдтар (соли 1932 – Н.М.) ба ҷойи Давлатбек Ҳайдарқулов, ки аз сохтмон рафта буд, маро котиби ташкилоти комсомолии «Вахшстрой» интихоб намуданд. Аз уҳдаи ду вазифаи масъулиятнок баромадан осон набуд. Аксар вақт лозим меомад, ки то нисфи шаб нишаста, барои газета материал тайёр кунам, ба корҳои масъули комсомолӣ машғул шавам, илова бар ин, ба газетаю журналҳои республикавӣ шеъру ҳикоя ва мақолаҳо менавиштам. Баъди се сол коргарон харсанги калонеро, ки байни дарё ва сарбанд хобида, роҳи обро баста буд, тарконданд.
Садои пайдарҳами се таркиш ба дили коргарон шуълаи умед афрохт. Дар лабони коргарон аз хурсандӣ табассум дамида, чашмонашон барқпошӣ мекарданд. Баъди таркиш лаҳзае абри ғафси чангу хок сохтмонро фаро гирифт. Коргарони мутасаддӣ дарҳол дарвозаҳоро кушоданд. Оби мусаффои Вахш мавҷзанон ба канал (канали магистралии ба номи Сталин – Н.М.) ҷорӣ шуд. Дар ин рӯзи фирӯз (12 сентябри соли 1933 – Н. М.) шодмонии коргарон интиҳо надошт». Мирсаид Миршакар водии Вахшро «муҷассамаи зиндаи дӯстии интернатсионалӣ ва бародарии халқҳои ватани паҳновар» ва иштирок дар сохтмони бузурги асри ХХ – «Вахшстрой»-ро барои худ ва ҳамсолонаш – ҷавонони солҳои 30- юми асри гузашта - «бахти бузург» номидааст.
«Сохтмони зарбдори Вахш» дар сафарбарии омма баҳри иҷрои супоришҳои бинокорон нақши калону назаррас бозид. Рӯзномаи ташкилотчии ҳаракати зарбдорӣ ва мусобиқа маҳсуб мегашт, ғояҳои манфиатбахшу судманди обёрӣ, инкишофу вусъати усулҳои кори ҳаракати зарбдориеро, ки бомуваффақият ёфтани сохтмон мусоидат менамуданд, ташвиқу тарғиб мекард. Ҳамзамон рӯзнома ба муқобили зараррасонону зиёнкорон, коршиканону қаллобон ва танбалону коргурезон, ки ба сохтмон халал мерасонанд, муборизаи беамон мебурд.
Аз таҳлили фаъолияти муҳарририи Мирсаид Миршакар дар рӯзномаи «Сохтмони зарбдори Вахш» дар оғози солҳои 30-юми асри ХХ метавон чунин натиҷагирӣ кард, ки саҳми ӯ дар ташкили кори нахустин нашрияи чопии вилояти Хатлон ва касби шуҳрату маҳбубияти ин рӯзнома дар байни коргарони тоҷик ва миллатҳои маҳаллӣ бориз аст. Омӯзиши масъала ба хулосаҳои зерин овард. Мирсаид Миршакар дар замони фаъолияташ дар сохтмони Вахш ҳамчунин тавонист, ки:
- фаъолияти аввалин рӯзномаи сертеъдоди Вахшро ба забони тоҷикӣ роҳандозӣ кунад;
- ҳавзаи адабӣ дар водии Вахшро ташкил намуда, дар ташаккулёбии он саҳм гузорад;
- мактаби вижаи рӯзноманигориро ташкил дода, ҷавонони фаъолро ба кори эҷод ҷалб ва онҳоро тарбия намояд;
- дар тарбияи маънавию идеологии насли нав ва маъракаи маҳви бесаводӣ дар миёни омма ширкат варзад;
- бо таҷрибаи нашри рӯзномаи «Сохтмони зарбдори Вахш» ба забони тоҷикӣ барои таъсиси нашрияҳои нав дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон замина фароҳам оварад;
- рӯзномаи «Сохтмони зарбдори Вахш»-ро ба ҳаракати зарбдорӣ ва тарғибгари ғояҳои судманди обёрӣ ва усулҳои кори ҳаракати зарбдорие, ки ба суръат ёфтани кори сохтмон мусоидат менамуданд, табдил диҳад;
- тавассути рӯзнома фарҳанги ҳамзистӣ, таҳаммулпазирӣ, дӯстию бародарии халқиятҳои гуногун ва эҳсоси меҳнатқариниро ба хонандаҳо талқин кунад.
Маҳз кори ибратбахши ин шоири маъруфу публитсисти соҳибноми тоҷик буд, ки дар заминаи нахустин нашрияи Вахшонзамин ва бо такя ба таҷрибаи он минбаъд рӯзномаи вилоятии «Хатлон» ва чандин рӯзномаи шаҳрию ноҳиявӣ дар вилояти Хатлон ташкил ёфтанд.
Носирҷон Маъмурзода, «Хатлон»
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00
-
6-04-2022, 12:41
«Дар маҷмӯъ, мафҳум ва тафаккури дунявӣ дар фарҳанги мо бо дарки илмии истилоҳоти «миллат»,...