Саттор Қарахонов – сутиуни газета
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 27 декабр, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо / Чеҳранигорӣ, Боздид 469
Имрӯз яке аз дӯстон ва ҳамкори собиқи ман Саттор Қарахонов ба синни мубораки 70 қадам монд.
Аввали солҳои 80-ум ману Саттор дар идораи рӯзномаи вилоятии “Ҳақиқати Қӯргонтеппа” кор мекардем. Ман мудири шуъбаи ҳаёти ҳизбӣ ва таблиғот будам, Саттор – корманди котиботи редаксия.
Устоди зиндаёд, сармуҳаррир ва асосгузори газета – баъд аз барқароршавии вилояти Қӯргонтеппа Муқим Абдураҳмонов котиботро «сутуни газета» меномид.
«Агар як журналист бемор шавад, ин боиси ба таъхир афтодани чопи газета намегардад. Лекин агар кормандони котибот мариз шаванд, шумораи навбатии газета чоп нашуданаш мумкин аст!» - ҳамеша таъкид мекард устод.
Котибот чор сутун дошт: Мирзо Набот, Саидҷаъфар Сафархӯҷаев, Тоҳир Асомиддинов ва Саттор Қарахонов. Вақти кории онҳо аз соати нуҳи субҳ то дувоздаҳи шаб давом мекард. Лекин ҳеч вақт мо дар симои ин кормандони сарсупурда хастагиро намедидем. Боре ҳам нашунида будем, ки онҳо аз заҳмати сангин шикоят карда бошанд. Баръакс, ҳар вақте вориди утоқи кории онҳо мешудем, ҳатман аз шӯхиҳои Саттор ва ё Саидҷаъфар дуру дароз механдидем.
Рӯзе садои баланди хандаи кормандони котиботро шунида, вориди утоқи онҳо шудам ва пурсидам: «Чӣ гап? Гӯед, мо ҳам хандем!». Саидҷаъфар гуфтаҳояшро такрор кард:
«Дирӯз соати яки шаб аз матбаа ба хона баргаштам, янгаатон чунин шикоят кард: «ту шабу рӯз аз редаксия берун намебароӣ, агар ман мурам, кӣ маро мегӯронад?»
Ман ба вай чунин ҷавоб додам: «фақат рӯзи шанбе ё якшанбе метавонӣ мурдан. Дигар рӯзҳо газета баровардан даркор!»
Ба Саттор бошад, ҳеҷ вақт янгаамон Ганҷиниссо шикоят намекунанд, чунки худашон дар матбаа мусаҳҳеҳ ҳастанд ва заҳматталаб будани кори газетаро мефаҳманд».
«Сутунҳои газета» мисли ҳамаи дигар рӯзноманигорони нашрия ошиқи газета буданд. Зеро сармуҳаррири газета Муқим Абдураҳмонов худ ошиқи газета буд ва ҳаёташро бе газета тасаввур карда наметавонист. Ана ҳамин муҳаббати устод нашрияро ба як мактаби бузурги журналистика табдил дод.
Саттор дастпарвари ҳамин мактаб аст ва инак, зиёда аз чиҳил сол аст, ки дар ҳамин мактаб бо муҳаббат фаъолият мекунад.
Ҳар вақт ки ба Тоҷикистон сафар кардам, ҳатман бо журналистони рӯзномаи вилоятии «Хатлон» вомехӯрам. Аз ҳамкасбони даврони Шӯравӣ танҳо ҳамин Сатторро мебинам. Аксари ҳамкорони дигар ин дунёи фониро тарк карданд. Хушбахтона, Саттор, агар мӯйҳои сафедашро нодида гирем, ҳамон ҷавони хандонрӯй ва серғайрати чил сол қабл аст.
Ӯ худ таърихи зиндаи рӯзномаи вилоятии “Ҳақиқати Қӯрғонтеппа”, ки баъд “Навиди Вахш” ва “Хатлон” ном гирифт, мебошад. Журналистони ҷавон бояд аз ин таърих сабақ омӯзанд.
Саломиддин Мирзораҳаматов
аз Ҷумҳурии Қазоқистон
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...