Мо пайрави Сатторем
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 26 декабр, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо / Чеҳранигорӣ, Боздид 466
Мо пайрави Сатторем,
Аз мактаби Атторем,
Ӯ яккаву ягона,
Мо беҳаду шуморем.
Аз сӯзи ҷони маънӣ,
Файзи ҷаҳони маънӣ,
То осмон расонд ӯ
Пойи равони маънӣ.
Бо ном менависад,
Беном менависад,
Ӯ меҳрномаҳои
Айём менависад.
Мебошад ӯ қаламдор,
Бар шонааш қаламбор.
Омӯзад ӯ маҳорат
Бар мардуми қаламкор.
Табъаш Худоӣ дода,
Сабкаш равону сода.
Бар сар варо қаламкаш
Тоҷи шараф ниҳода.
Дасти ба кор дорад,
По устувор дорад.
Ганҷинаи маонӣ
Андар канор дорад.
Қалбаш кушода доим,
Гап мезанад мулоим.
Чархи сухантирозӣ
Бар дӯши ӯст қоим.
Ӯрост ҳар мақола
Ҳамвазни як рисола.
Бо ҷумлае кунад тай
Роҳи ҳазорсола.
Бо ӯ ако-укоем,
Бо маънӣ ошноем.
Дар дафтари замона
Ду сатри бехатоем.
Бо пайраҳаи эҷод
Омад ба синни ҳафтод.
Ҳафт пушти халқи тоҷик
Аз кори ӯст дилшод.
Усмон БИЛОЛӢ
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00