Ҳамовозӣ ба Паём
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 24 декабр, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 424
Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имрӯз ироа гардид, самти фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мардуми шарифи кишварро барои соли 2023 ҳаматарфа муайяну мушаххас намуд. Дар Паёми имсолаашон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми паҳлуҳои ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакатро таҳлилу баррасӣ намуда, дар назди масъулони мақомоти давлатӣ вазифаҳои мушаххас гузоштанд.
Пешвои миллат, чун ҳарвақта, ба соҳаи маориф таваҷҷуҳи хосса намуда, иброз доштанд: «Мо мактабро ба ҳайси боргоҳи илму дониш, савод маърифат ва омӯзгорро чун шахси мафкурасозу тарбиятгари насли наврас эътироф карда, ба онҳо арҷу эҳтиром гузоштанро аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин медонем».
Пешвои миллат ба масъалаи баланд бардоштани мавқеи занон дар ҷомеа, дастгирии ҷавонон ва таҳкими Истиқлолияти давлатӣ ибрози назар карда, чунин таъкид доштанд: «Мо бояд ватандӯсту Ватанпараст бошем».
Умринисо Толибова,
хизматчии давлатӣ
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...