Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » Паём - беҳтарин дастурҳои раҳнамунсоз


Паём - беҳтарин дастурҳои раҳнамунсоз



Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Паёмашонро «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Маҷлиси Олӣ баён карданд.

Аз таҷрибаи солҳои гуашта медонем, ки Паём яке аз беҳтарин дастурҳои раҳнамунсоз дар ободкорию созандагиҳои Тоҷикистони азиз ва навин гардид.

Дар ҳақиқат, Паёме, ки имрӯз пешниҳод гардид, дар он ягон соҳа аз мадди назари Пешвои миллат дур намонда, чун анъана, дар ин раванд таҳлилҳои ҳаққонӣ мақоми меҳварӣ доштанд.

Раванди рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат дар 31 соли соҳибистиқлолӣ аз ҷониби Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди таҳлил қарор гирифт. Алоқаманд ба ин вазифаҳои сатҳи гуногуни ҳокимияти давлатӣ ва дигар субъектҳои хоҷагидориро барои амалигардонии ҳадафҳои стратегии давлату Ҳукумат барои оянда муайян намуданд. Пешвои миллат таваҷҷуҳи мардумро ба роҳҳои дар оянда дар арсаи ҷаҳонӣ ҷиҳати рушди иқтисодию  иҷтимоӣ боз ҳам хубтар муаррифӣ гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб намуда, ба масъалаи тарбияи ахлоқию маънавии ҷавонон эътибори ҷиддӣ доданд.

Гулчеҳра Муродова,
номзади илмҳои сиёсӣ

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода