Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » Тадбирҳо ҷиҳати пешгирӣ аз сӯхтор


Тадбирҳо ҷиҳати пешгирӣ аз сӯхтор



Баҳри пешгирӣ ва роҳ надодан ба ҳодисаҳои сӯхтор дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023, вазъи бехатарӣ аз сӯхтор дар 3560 идораю ташкилот, муассисаҳо, бозору марказҳои калони савдо, нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ, зеристгоҳҳои барқӣ, биноҳои баландошёна ва биною иншооти муҳим мавриди санҷиш қарор гирифтааст.

Аз хадамоти оташнишонии вилоят ба рӯзномаи “Хатлон” иттиллоъ доданд, ки барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, ба роҳбарони иншооти дар боло зикргардида амрномаҳои мақомоти назорати давлатии зидди сӯхтор бо номгӯи чорабиниҳои мушаххас супорида, корҳои фаҳмондадиҳӣ ва дастурҳои судманд дода шудааст.

Дар рафти санҷиш барои бемасъулиятӣ нисбат ба вайронкунандагони қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор 1955 протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, ба маблағи 261 ҳазору 159 сомонӣ ҷаримабандӣ шудааст. “Барои дар ҳолати ғайриқаноатбахш қарор доштан, таъмин накардани амрномаҳои мақомоти назорати давлатии бехатарӣ аз сӯхтор фаъолияти 139 иншоот, 412 бинои алоҳида муваққатан боз дошта, 6181 таҷҳизоти барқие, ки хавфи сар задани сӯхторро доштанд, безарар гардонида шуд”, - зикр кард манбаи хабар.

http://khatlon-ruznoma.tj/

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода