Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » Кадом дастаҳо ба даври 1/4 финали Ҷоми ҷаҳон роҳ ёфтанд?


Кадом дастаҳо ба даври 1/4 финали Ҷоми ҷаҳон роҳ ёфтанд?



Ҳама ҷуфтҳои даври чаҳорякниҳоии Ҷоми ҷаҳонии футбол - 2022 дар Қатар муайян шуданд. Дастаҳои мунтахаби Нидерландия, Аргентина, Хорватия, Бразилия, Англия, Фаронса, Марокаш ва Португалия дар бозиҳои даври 1/8-ниҳоӣ рақибонашонро шикаст дода, ба даври чорякфиналии мусобиқот роҳ ёфтанд.

Бозиҳои даври ¼ финали Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол рӯзҳои 9-10 декабри соли равон баргузор мегарданд. Рӯзи 9 декабр дастаҳои мунтахаби Нидерландия – Аргентина, Хорватия - Бразилия ва рӯзи 10 декабр тимҳои мунтахаби Англия - Фаронса ва Марокаш - Португалия бозӣ мекунанд.

Мавриди зикр аст, ки мусобиқаи қаҳрамонии футболи ҷаҳон, ки рӯзи 20 ноябр шурӯъ шуд, то 18 декабри соли равон идома меёбад. Бозиҳо дар 8 варзишгоҳ баргузор мегардад, ки Қатар бори аввал мизбонии Ҷоми ҷаҳонро ба зимма гирифтааст.

http://khatlon-ruznoma.tj/

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода