Адолати адолатхоҳ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 15 ноябр, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо / Чеҳранигорӣ, Боздид 619
Ҳамон рӯзҳо Адолат Раҳмонова гуфта буд: “Оромӣ, сулҳ, беҳбудии кишвар, имрӯз ба ақлу заковат ва хиради депутатҳо вобастааст. Агар онҳо қарорҳои хирадмандона қабул карда, роҳҳои ваҳдатро таъмин кунанд, бешубҳа, ба сулҳу салоҳ умед бастан мумкин аст”.
Чанде пеш дар шаҳри Душанбе Адолат Раҳмоноваро, ки дар пойтахт зиндагӣ мекунад, вохӯрдам.
Бояд бо супориши рӯзнома бо ӯ ҳамсуҳбат шуда, андешаҳояшро дар бораи Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии ҷумҳурӣ, ки ӯ иштирокчии он буд, ба қалам медодам. Адолат Раҳмонова розӣ шуд. Хоҳиш кардам дар бораи Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон хотираҳои хешро иброз дорад.
-Ташаккур ба мардуми меҳмоннавозу масъулиятшиноси шаҳри Хуҷанди бостонӣ. Барои орому осоишта, муътадил гузаштани иҷлосия тамоми шароитро фароҳам оварда буданд, - суҳбатро аз сипосгузорӣ ба мизбонон оғоз намуд ӯ.- Собиқ вилоятҳои Кӯлобу Қӯрғонтеппа дар муҳосираи озуқаворӣ монда, мардум азоби гуруснагӣ мекашид. Онҳо аз ноилоҷӣ ҳар гуна алафу гиёҳҳои кӯҳӣ ва донагиҳоро орд карда, истеъмол менамуданд ва ба бемориҳои гуногун гирифтор шуда, қисме аз онҳо ҳалок мешуданд. Ин ҳолат дар ноҳияи Восеъ бештар мушоҳида мегардид.
16 ноябр ба иҷлосияи Хуҷанд беш аз 160 нафар вакилон ҳозир шуданд. Иҷлосияро депутати куҳансол, вакил аз ноҳияи Ховалинг (собиқ вилояти Кӯлоб) Ҳабибулло Табаров кушод. Иҷлосия аз рӯзҳои аввал дар рӯҳияи якдигарфаҳмӣ гузашт. Дар вақти танаффус вакилони шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳо бо ҳам мулоқот карда, дар бораи роҳҳои ором кардани вазъият, қатъ намудани амалиётҳои ҳарбӣ дар минтақаҳо, ба муросо овардани қувваҳои муқобил машварат намуда, таклифҳо пешниҳод менамуданд. Ба хотири таъмини якпорчагии Тоҷикистон аксарияти вакилон кӯшиш менамуданд, ки дӯстию бародарии минтақаҳо мустаҳкам гардад.
Иҷлосияи шонздаҳум иҷлосияи таърихӣ, иҷлосияи амаликунандаи орзуҳои мардуми тоҷик барои сулҳу салоҳ, иҷлосияи озодӣ овардан ба ҳар хонадони тоҷику тоҷикистонӣ мебошад.
Сухани аз замири қалб гуфтаи Сардори тозаинтихоби давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳеҷ гоҳ аз хотирам фаромӯш намешавад: “Ман ба ҳар яки Шумо дар давраи барои Ватан хеле душвор муроҷиат карда, ба ақлу заковати шумо, ки ворисони фарзандони баруманди тоҷик ҳастед, бовар мекунам. Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор кардани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфии ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас, агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашида бовар дорам”. Мақсаду маром ва суханони Эмомалӣ Раҳмонро тавассути оинаи нилгун мардуми ташнаи сулҳу Тоҷикистон тамошо карда, ба воситаи радио шуниданд. Ин суханон дилҳои ғамзадаро шод кард, ба мардум, ки ташнаи сулҳ буданд, олам-олам шодию фараҳ бахшид.
Имрӯз тоҷикон бо созандагӣ, бахшандагӣ, арзандагӣ дар ҷаҳон шуҳрат ёфтаанд. Рӯзҳо, моҳҳо, солҳо мегузаранд. Вале аз хотири мардуми тоҷик ва тоҷикистониён Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар шаҳри бостонии Хуҷанд, вилояти Суғд баргузор гардида буд, фаромӯш намешавад...
-Бояд иқрор шуд, ки баъзе мушкилиҳо дар кори Иҷлосия ҷой доштанд, онҳоро фаромӯш кардан нашояд, - афзуд Адолат Раҳмонова.- Ба мо -вакилон, одамони дунёдидаву дурандеш, ба монанди Муҳаммад Осимӣ, Миралӣ Маҳмадалиев, Рифъат Ҳоҷиев, Абдуғафур Самадов, Имомназар Хӯҷаназаров, Холмурод Шарифов, Низорамоҳ Зарифова, Ибодат Раҳимова ва дигарон барои қабули қонуну қарорҳо маслиҳатҳои муфид медоданд. Пирони рӯзгордида, хирадманду дурандеш барои ояндаи дурахшони кишвар таклифҳои арзишманд пешниҳод мекарданд. Мо - вакилон, аз он шоду фараҳманд будем, ки дар Иҷлосияи 16- уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хиштҳои аввалини сохтмони давлати ҳуқуқбунёду демократӣ ва ягонаи Тоҷикистон гузошта шуда, иқдоми аввалини оштии тарафҳои ба ҳам муқобил ба вуқуъ пайваст. Ба зиммаи ҳокимияти навтаъсис масъалаҳои муҳим - барқарор кардани давлат, таҳкими сулҳу ваҳдат, оромию осоиштагӣ, якдиливу ҳамдигарфаҳмӣ ва якпорчагии Тоҷикистон истода буд.
Аз рӯзҳои аввали фаъолият Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон корҳои шоистаро баҳри оромию осоиштагии кишвар анҷом дод. Бо даъвати Сарвари давлат дар Хуҷанд “Оши оштӣ” ташкил карда, ба он тамоми қумандонҳои саҳроӣ, дастаҳои ба ҳам мухолиф ва дигар гурӯҳҳои фаъол даъват шуданд.
Дар маросими “Оши оштӣ” Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон афрохта шуд. Иштирокчиёни тарафҳои гуногун Парчамро бӯсида, савганд ёд карданд, ки ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима медиҳанд.
Ман ифтихор мекунам, ки Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳимтарин масъалаҳоро мавриди баррасӣ қарор дода, як силсила қонуну қарорҳои дахлдор қабул кард, ки ба пешрафти минбаъдаи кишвар мусоидат намуд. Он солҳо қариб ҳамаи мақомотҳои давлатӣ фалаҷ гардида, фаъолият намекарданд. Як давлат бо номи Тоҷикистон гӯё бе роҳбари аввалӣ монда буд. Президенти қонунии мамлакат Раҳмон Набиев таҳти фишори неруҳои силоҳбадаст дар майдони ҳавоии шаҳри Душанбе ба аризаи истеъфо аз вазифа имзо гузошт. Хушбахтона, дар иҷлосия давлат соҳибони ҳақиқӣ ва қонунии худро пайдо кард. Ёдовар мешавем, ки дар Иҷлосия ба вазифаи Раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон якчанд номзад пешниҳод шуданд, аз ҷумла, Акбаршо Искандаров, Иззатулло Ҳаёев, Эмомалӣ Раҳмон. Бо аксарияти овозҳо Э. Раҳмон Раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи аҳли ҷаласа пешниҳод шуда, аз ҷониби ҳозирин маъқул дониста шуд.
Мо - занҳои сиёсатмадор Гулафзо Савриддинова, Валентина Абдусамадова, Рафиқа Мӯсоева ҷиҳати қабули қарору қонунҳо, масъалаҳои муҳими рӯз саҳм гузоштем. Иҷлосия дар қасри Арбоби ноҳияи Хуҷанд 16 рӯз давом карда, аз 222 нафар намояндагон, 197 нафар дар он иштирок доштанд.
-Дигар чӣ гӯям? -таваққуф карда саволомез мегӯяд Адолат. -Дар бораи Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон китобҳо, садҳо мақола дар рӯзномаю маҷаллаҳо чоп шудаанд. Китоби Абдумаҷид Достиев бо номи “Тоҷикистон-шикастаҳо ва бастаҳо” асосан ба ҳамин иҷлосия бахшида шудааст.
Дар зиндагӣ ҳар кас ҷойи худ ва роҳи хешро дорад. Инсонҳое, ки дар ҳаёт некӣ карданд, одамони беназиранд. Абулқосим Фирдавсӣ дар ин боб фармуда:
Бикӯшеду хубӣ ба кор оваред,
Чу дидед сармо, баҳор оваред.
Зиндагӣ пастию баландӣ, ширинию талхӣ дорад. Барои зиндагӣ манзил, барои хушбахтӣ дӯст лозим. Дӯстии одамон боигарии тавоност. Дар ҳаёт мушкилот ҳам доштам. Чор сол шавҳарам бемор буд. То тавонистем барои барқарор кардани саломатиаш талош кардем. Вале умр вафо накард, шахси наздиктарин ва беҳтаринамро дар ҳаёт бой додам. Аз даст додани дӯсти наздик вазнин аст. Чӣ илоҷ? Ҳаёт ҳамин аст, одамон меоянду мераванд. Ман аз ҳаётам, роҳи дар зиндагӣ тайкардаам қаноатмандам. Ҳар рӯзи ҳаёт барои ман азиз аст, мекӯшам, ки онро шоиста дар оғӯши дӯстонам гузаронам.
Суҳбати ман бо Адолат Раҳмонова хуш гузашт. Дар анҷоми он шукронаи имрӯзро карда, гуфт: “Ман мефахрам, ки тоҷикам, ватандорам, ки онро ном, Тоҷикистон аст”.
...Маҷрои зиндагӣ мисли оби дарё равон аст. Адолат Раҳмонова дар канор набуда, имрӯз низ дар шукуфоии Тоҷикистон саҳм мегузорад. Агар дар дунё мисли Адолат инсонҳои ташаббускор намебуданд, Тоҷикистон то ин дараҷа зебою дилкаш, диёри биҳиштосо, макони дӯстдоштаи сайёҳони дунё намегашт.
Роҳи имрӯзу фардои кишвар мунаввар аст. Хизмати Адолат Раҳмоноваи адолатхоҳ барои ба даст омадани истиқлоли давлатӣ, ваҳдати миллии диёр беназир аст.
Б. Сайдалиев
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...