Сабзии Ҷайҳун ба бозор даромад, нархи он поин фаромад
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 04 ноябр, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Арсаи кишоварзӣ / Хабарҳо, Боздид 788
Беш аз ҳазор гектар майдони сабзии ҳудуди ноҳияи Ҷайҳун аллакай ҷамъоварӣ гардида, 50 ҳазор тоннаи он ба бозорҳои кишвар ворид шуд. Дар маҷмӯъ, майдони кишти ин намуди маҳсулот 3 ҳазору 270 гектарро дар ноҳия ташкил дода, ҷамъоварии он то моҳҳои декабр-январ идома хоҳад кард.
Бино ба иттилои сардори шуъбаи кишоварзии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷайҳун Собирзода Диловаршо, имсол нисбати соли гузашта дар майдони 1 ҳазору 370 гектар зиёдтар кишти сабзӣ гузаронида шудааст. Дастранҷи барзгарон дар саҳро хуб ба назар расида, деҳқонон аз ҳар як кектар 350-400-сентнерӣ ҳосил ҷамъоварӣ намуда истодаанд.
Ҷамоати деҳоти “Панҷ” ва “Қумсангир” аз зумраи ҷамоатҳои пешқадами ноҳия дар самти сабзикорӣ маҳсуб ёфта, ҳамасола яке аз аввалинҳо шуда маҳз деҳқонони ҷамоати мазкур ҳосили сабзии хоҷагиҳои худро ҷамъоварӣ кардаю ба бозорҳо мебароранд.
Ба гуфтаи масъулин, хоҷагиҳои пешқадам қитъаҳои дар ихтиёрдоштаи худро аз ин намуди маҳсулот холӣ намуда, заминҳоро нарму ба кишти тирамоҳии сабзӣ омода месозанд.
Ёдовар мешавем, ки соли гузашта деҳқонони ноҳия дар майдони 82 гектар сабзии тирамоҳиро кишт карда, дар моҳҳои апрел-майи соли ҷорӣ ҳосили хуб рӯёнданд. Аз ин рӯ, хоҷагидорон талош бар он менамоянд, ки соли ҷорӣ майдони кишти тирамоҳии сабзиро боз ҳам бештар намоянд.
-Маҳз нисбатан гарон гаштани арзиши сабзӣ дар соли гузашта, имсол хоҷагидоронро ҳавасманд гардонид, то кишти ин намуди маҳсулотро дар ноҳия аз нақша барзиёд ба роҳ монанд,-мегӯяд Собирзода Диловаршо, сардори шуъбаи кишоварзии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷайҳун.
Феълан тоҷирон маҳсули дасти хоҷагиҳои сабзикорро бо нархи дастрас харидорӣ намуда ис-тодаанд. Арзиши як килограмм сабзӣ дар саҳро 1,80-2 сомониро ташкил медиҳад.
Дар охирҳоимоҳи ноябр ва аввалҳои моҳи декабр содироти сабзии ноҳия ба хориҷ аз кишвар ва ҷой додани он дар сардхонаҳо низ оғоз мешавад.
Низомиддин ИСОЕВ
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00