Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » Хизмат ба Ватан фазилати ҷавонмардист


Хизмат ба Ватан фазилати ҷавонмардист



Ҳифзи  Ватан,  ҳимояи  манфиатҳои  давлат,  таҳкими Истиқлолият,  амният  ва иқтидори  мудофиавии  он  вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст.

Асосгузори  сулҳу  ваҳдати  миллӣ-Пешвои миллат,  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид намудаанд: “Барои насли наврас хизмат дар сафи Қувваҳои  Мусаллаҳи  мамлакат  муҳимтарин  мактаби  обутоби  ҳаётӣ  мебошад.  Маҳз  дар ҳамин  ҷо  ҷавонписарон  сабақи  шуҷоату  мардонагӣ  гирифта,  муҳофизат  кардани  хоки Ватанро меомӯзанд.  Вақте  ки  мо  ватандӯстӣ мегӯем, пеш аз ҳама, муҳофизати Ватан ва якпорчагии  марзу  буми  кишварро  дар  назар  дорем”. 

Дар  ин  баробар  имрӯзҳо  ҷавонони  шаҳри Кӯлоб  суханони  падаронаи  Пешвои  миллатро  сармашқи  кори  худ  намуда,  ихтиёран ба  Сафи  Қувваҳои  Мусаллаҳи  Ҷумҳурии Тоҷикистон  баҳри  ҳифзу  ҳимояи  Ватани  азизамон Тоҷикистони соҳибистиқлол дохил шуда истодаанд.

Яке аз он нафароне, ки имрӯз ихтиёран баъди  хатми  донишгоҳ  ба   Комиссариати  ҳарбии шаҳри  Кӯлоб  ҳозир  гардид,  Масабур  Миров мебошад ва мехоҳад хизмати Модар-Ватанро софдилонаю содиқона адо намояд. 

Бо  боварӣ  метавон   гуфт,   ки  ҷавонони  саодатманди  шаҳру  деҳоти  Кӯлоб  бо  хизмати  намунавӣ  дар  сафи  Қувваҳои  Мусаллаҳи 
Ҷумҳурии Тоҷикистон садоқати худро ба Пешвои  муаззами  миллат  ва  Ватани  азизи  худ ҳамеша собит месозанд.

Шамсия НАВРӮЗОВА, 
мутахассиси пешбари бахши матбуотии  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода