Саломатӣ гавҳари ноёб аст
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 04 ноябр, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Тандурусти ва экология / Хабарҳо, Боздид 1 337
Саломатӣ аз ҳама молу сарвати дунёӣ қиматтару ноёб аст ва онро ба ягон чиз харида намешавад. Зиндагии инсон ҳам маҳз бо тани солим зебост. Вақте ки кас мариз аст, ба ӯ чизе намефорад, ягон хурсандӣ ба қалбаш намеғунҷад. Аз пайи бартарафсозии ранҷурӣ шуда, фикрҳои гуногун азобаш медиҳад.
-Вақте ки кас бемор мешавад, бештар дар бораи чӣ фикр мекунаду аз чӣ афсӯс мехӯрад?
Мухбирамон дар назди беморхонаи вилоятӣ бо ин суол ба чанд тан шаҳрвандон муроыиат карда, посухҳои зайлро гирифт:Султони Мурод, шаҳри Бохтар: “Ҳоло бемор ҳастам, бештар дар бораи шифо ёфтан фикр мекунаму афсӯс мехӯрам, ки саломатии хешро эҳтиёт накардаам...» зуҳро, шаҳри Левакант: “Баробари фаро расидани фасли тирамоҳ бемории диққи нафаси ман хуруҷ мекунад ва фикри зудтар шифо ёфтанро мекунам. Инчунин, худро сарзаниш мекунам, ки чаро сари вақт пеши роҳи ин маризиро нагирифтам».
Раҷаб Қодиров, ноҳияи Кӯшониён: “Табиби ҳар кас худи ӯст. Аммо мо танҳо баъди дар бистари беморӣ хобидан фикри саломатиро карда, пушаймонӣ мекунам, ки ба ҷони худ ҷабр намудаем. Ман низ аз ҷумлаи чунин шахсон ҳастам”.
Бибигул, ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ:“Албатта, пеш аз ҳама, аз беморӣ шифои комил ёфтанро. Ман тоҷирам, барои дарёфти ризқу рӯзӣ на гармо гуфтаму на сармо. Оқибат гурдаамро иллатӣ на-мудам. Акнун афсӯс мехӯрам, ки худро эҳтиёт карда натаво-нистам ва дар муолиҷааш низ таъхир кардаам”.
И. Қиёмов, корафтода аз ноҳияи Панҷ: “Пир шудаам. Пирӣ бошад, бемории ҳаррӯза аст. Дар чунин ҳолат фикри бе азоб зистанро мекунаму ангушт мегазам, ки умри рафтаро босамар истифода накардаам”.
Қудратулло, ноҳияи Дӯстӣ: “Бемор танҳо дар бораи шифоёбӣ фикр мекунад, албатта. Охир ҳеҷ дороӣ ба саломатӣ баробар шуда наметавонад. Дар бораи пушаймонӣ бошад, ҳаминро мегӯям, ки ҳар як амали мекардаи мо боиси афсӯсу пушаймонӣ аст. Масалан, худи ман. Дар ҳолати маризӣ меҳрубонию дилбардории ҳамсарам маро хуш наомаду асабонӣ шудам ва ӯро ранҷонида, гуфтамаш, ки марги маро мехоҳад. Вале, баъди шифо ёфтан аз амали худ афсӯс хӯрдам...”
P.S. Хонандагони гиромӣ!
Ин суолҳоро ба шумо низ ҳавола мекунему умедворем посухатонро ба рӯзномаи «Хатлон» мефиристед. Мо интизори номаҳои шумоем.
С. АТТОР, «Хатлон»
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00