Озодии фаъолияти соҳибкорӣ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 04 ноябр, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 555
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба монанди конститутсияҳои замони Шӯравӣ бахшида ба асосҳои иқтисодии давлат ва ҷамъият боби махсус надорад. Аммо ин маънои онро надорад, ки Конститутсияи замони истиқлол мафҳуми асосҳои иқтисодӣ ва соҳибкориро сарфи назар мекарда бошад. Барои озодии фаъолияти соҳибкорӣ меъёрҳои дар Конститутсия дарҷшуда, ки муносибатҳои соҳибкориро ба танзим медароранд, хусусан нишондоди моддаи 12-и Конститутсия оид ба асоси иқтисодиётро ташкил додани шаклҳои гуногуни моликият, инчунин озодии фаъолияти иқтисодӣ, соҳибкорӣ, баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқии ҳамаи шаклҳои моликият, аз ҷумла моликияти хусусиро кафолат додани давлат аҳамияти калон доранд. Конститутсияи амалкунанда давлатро уҳдадор кардааст, ки фаъолияти озоди иқтисодӣ ва соҳибкориро таъмин ва рақобати солимро дастгирӣ намояд.
Дар зери мафҳуми «Озодии фаъолияти соҳибкорӣ ҳуқуқи оғоз кардан ва амалӣ намудани чунин фаъолиятро аз тарафи шаҳрванд ва ташкилот дар тамоми соҳаҳои иқтисодиёт фаҳмида мешаванд». Ин принсип дар моддаи 12-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сабт шудааст. Дар он гуфта шудааст, ки «Давлат озодии фаъолияти иқтисодӣ, соҳибкориро кафолат медиҳад». Қисми 2-юми моддаи 12-и Конститутсия давлатро вазифадор сохтааст, ки ҳуқуқи субъектҳои гуногуни моликиятро якхела ҳимоя намояд, барои инкишофи онҳо шароити якхела фароҳам орад ва онҳоро бо қоидаҳои рафтори ягона ба танзим дарорад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади такони нав бахшидан ба рушди соҳибкорӣ, беҳбудии фазои сармоягузории кишвар дар фарҷоми мулоқоти судманди худ бо соҳибкорону сармоягузорон чунин гуфта буд: «Пешниҳод мекунам, ки ба хотири заҳматҳои кашидаи Шумо дар роҳи ободии Ватан ва ҳамчун рамзи дастгирии фаъолияти содиқонаву софдилонаатон 14–уми октябр дар мамлакат “Рӯзи соҳибкорон” эълон карда шавад».
Дар ҷумҳурӣ беш аз 10 сол ин ҷониб дар бахши соҳибкорӣ марҳила ба марҳила ислоҳот идома дорад ва он низоми иҷозатдиҳӣ, бақайдгирӣ, азқайдбарорӣ, мороторияи санҷишҳои соҳибкории истеҳсолӣ, заминаи ҳуқуқию иқтисодии шарики давлат ва бахши хусусӣ, низоми андозбандӣ ва санҷишҳоро дар бар мегирад. Дар як соли охир қариб 688 нафар зиёд шудани теъдоди соҳибкорон худ шаҳодати самараи ислоҳот аст.
Бо мақсади боз ҳам беҳтар ва хубтар фароҳам овардани шароити мусоиди ҳуқуқию иқтисодии ҳамкориҳои байни давлат ва соҳибкорон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шарикии давлат ва бахши хусусӣ» қабул гардид. Инчунин Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ қариб 10 сол инҷониб фаъолият карда истодааст. Дар баробари ин, бо мақсади вазъи дастрасӣ ба манбаъҳои молиявӣ нисбати соҳибкороне, ки сармояи ибтидоӣ надоранд, дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои додани қарзҳои имтиёзнок Муассисаи давлатии «Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикситон» ва Муассисаи давлатии “Маркази татбиқи лоиҳаҳои шарикии давлат ва бах-ши хусусӣ” фаъолият менамояд, ки аз буҷети давлат ва дигар сарчашмаҳо маблағгузорӣ мешавад.
Барои мисол, тӯли солҳои 2013-2018 аз ҷониби фонди мазкур 161 лоиҳа ба маблағи 222 милли-он сомонӣ дастгирӣ ёфтааст. Дар ин радиф санаи 23 октябри соли 2022 бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» таъсис ёфт, ки барои ҳалли мушкилӣ дар ин самт хизмат хоҳад кард.
Маҳз ҳамин кафолату имтиёзҳост, ки дар кишварамон сол то сол шумораи субъектҳои соҳибкорӣ зиёд гашта истодааст. Масалан, теъдоди умумии субъектҳои соҳибкорӣ дар ҷумҳурӣ то 1 апрели соли 2022-юм 339982 ададро ташкил медиҳанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021-ум 688 адад зиёд мебошад.
Бахтиёр НАЗАРОВ,
омӯзгори ДДК ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...