Роҳбарони ҲНИ доимо дар таҳлукаанд
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 28 сентябр, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Сиёсат / Ҳуқуқу амният / Хабарҳо, Боздид 1 233
Ҷомеаи Тоҷикистон бо хиёнат ва хоинӣ бори аввал нест, ки рӯ ба рӯ мешавад. Хоинони Ватан доимо ба миллати тоҷик хиёнат кардаву дар тӯли таърих барояшон мушкилиҳои зиёд эҷод намудаанд. Хиради азалӣ ва фарҳанги бою ғанӣ ба миллати тоҷик имон додааст, ки доимо хоинони миллату ватанро шиносад ва худро аз шарри он эмин нигоҳ дорад.
Тӯли солҳои истиқлолият чунин аъмоли хиёнатпешаро мо садҳо маротиба дар кору пайкори Ташкилоти экстремистию террористии Ҳизби наҳзати исломӣ мушоҳида намудем. Ин зумра хиёнатпешагон доимо дар вазъияти ҳассосу барои миллату давлат тақдирсоз аз пушти миллат ханҷар задаанд ва ҳанӯз ҳам ин кирдори нанговари худро идома медиҳанд. Мо чунин ҳолатро дар шабу рӯзе, ки ҷомеаи Тоҷикистон мавҷи паҳншавии бемории сирояти КОВИД-19 фаро гирифта буд, ба хубӣ эҳсос намудем.
Моҳҳои май ва июни соли 2021 ҷомеаи Тоҷикистон шоҳиди он гардид, ки наҳзатиёни хоин ба ҷойи оне, ки дар шароити вазнин мардумро ба оромию ҳамбастагӣ, ёрии ҳамдигарию кумаки байниҳамдигарӣ даъват намоянд, аз фурсати муносиб истифода намуда, дар байни мардум тухми кинаю адоват, бадбинию иғвоангезиро киштанд.
Ин навбат низ замоне, ки дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон низои мусаллаҳона рух доду аз ҳар ду ҷониб куштаҳо ва маҷруҳшудагонро боқӣ гузошт, наҳзатиён боз пайти муносиби худро барои иғвоангезӣ пайдо намуданд. Чунин амалҳоро, яъне ба таҷовузи ҳарбӣ гунаҳкор намудани ҷониби Тоҷикистонро айни замон дар фазои маҷозии интернет мақомдорони қирғиз анҷом дода истодаанд. Пас байни наҳзатиёну қирғизҳои таҷовузкор чӣ фарқе дидан мумкин аст? Ҳар дуи онҳо ҷомеаи тоҷикро ноором ва оғуштаи хун дидан мехоҳанд.
Бинобар ин, хоинон доимо дар камин меистанд, ҳамин ки пайти муносиб пайдо карданд, аз пушт ханҷар мезананд, бо душман як мешаванд. Имрӯз наҳзатиён ва қирғизҳои таҷовузкор манфиати ягона доранд. Онҳо ҷомеаи тоҷикро ором дидан намехоҳанд.
Ҳамин мақсади нопок онҳоро бо ҳам муттаҳид менамояд. Ҳамаи инро ба инобат гирифта, гуфтан мумкин аст, ки наҳзатиёни хоин ба мисли бодиянишинон ҳеҷ гоҳ фарҳанги сулҳофарӣ ва неъмати сулҳу суботро тасаввур кардан намехоҳанд. Онҳо ба воситаи муноқиша ва қатлу куштор ҳизб сохтаву фаъолият доштанд ва ин навбат низ қасд доранд, ки дар Тоҷикистон боз ҷангибародаркуш ва нооромиҳои сиёсиро ташкил намоянд.
Ҳар як сокини бедордил ва ватандӯст ин гуна ҳолатро метавонад ба осонӣ мушоҳида намояд. Замоне фаро расидааст, ки ҷомеаи Тоҷикистон ба хотири ҳифзи давлату миллат ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ дӯстро аз душман шиносад. Ҳизби наҳзати исломӣ ва наҳзатиёни хоин ҳеҷ гоҳ дӯсти миллати тоҷик буда наметавонанд ва барои решакан намудани фарҳанги миллати тоҷик ва аз байн бурдани оромии Тоҷикистон то охирин нафаси худ мубориза мебаранд.
Аз ин рӯ, тоҷикистониён бояд дар назар дошта бошанд, ки мабодо душмани бехонаи худро дар Тоҷикистон ҷой диҳанд ва сипас худашон бехона монанд. Оқибати хоинпарастӣ ва созиш намудан бо хоинон чунин мешавад. Аз ин рӯ, имрӯз дигар он рӯзҳое нест, ки мардуми Тоҷикистон фиреби ин зумра заҳҳокону фиребгарони қаттолро хӯранд.
Имрӯз мо барои шинохти дӯсту душман камари ҳиммат бастаем ва намегузорем, ки душман дигар дар либоси дӯст моро фиреб диҳад. Наҳзатиёни хоин ва душман дигар ба мақсад намерасанд.
Диловар САИДЗОДА,
номзади илмҳои сиёсатшиносӣ
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00