ДАРАХТИ ХАТАРЗО
Муҳаррир: Зиёдулло Раҳимов аз 21 январ, Бахш: Матлабҳои охирин / Сиёсат, Боздид 1 139
Терроризм ва экстремизм бо ҳамдигар зич алоқаманд буда, як қувваи махсуси хатарозоро нисбат ба сиёсати давлат ташкил мекунад, ки ин қувва барои нооромии зисту зиндагии мардум дар ҷомеа ва давлат оварда мерасонад. Саволе ба вуҷуд меояд: “Барои чӣ ва дар кадом асос ин қувваи мудҳишу ифротӣ, террористӣ ва экстремистӣ ташкил мешавад? Сарчашмаи асосии ташкил шудани ин қувва аз куҷо пайдо мешавад? Ба ин савол чандин мутахассисон ба ақидаи гуногун ҷавоб гузоштаанд. Лекин ҷавоби асосӣ то ҳол дар ҷустуҷӯ аст.
Ба ақидаи шахсии ман ин гуна гурӯҳҳои мухолифин ё худ терроризм ва экстремизм дар асоси маблағгузории пинҳонӣ ба амал оварда мешавад. Дар охир он ба як гурӯҳи хурд ё калони террористӣ ва экстремистӣ оварда мерасонад. Ин гуна гурӯҳҳо одатан дар мамлакатҳои исломӣ ва ё мамлакатҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ паст (камбағал) ташкил карда мешаванд. Чунки дар ин давлатҳо нозукиҳо ва захми шифонаёфта вуҷуд дорад, аз ҳамин сабаб модари ин гурӯҳҳо мехоҳад дар ин давлатҳо тухми ифротӣ ва экстремистии худро корад, ки оқибат ин тухма чун дарахте инкишоф ёбаду нооромиву бадбахтиро дар байни мардум ба вуҷуд орад. Агар ин тухма сари вақт нест нашавад, оқибат он мева мебандад ва аз ҳар як меваи он чанд ҳазор ва аз ин ҳам зиёд дарахт мерӯяд. Кандани решаи ин дарахти талх, ки ба ҷомеа хатарнок мебошад, ҳатмӣ мебошад. Ин дарахти манфур, ки онро дар мамлакатҳои Афғонистон, Сурия, Ироқ, Эфиопия, қисми Эрон, Покистон, Мехико дар нимаи дуюми асри XX шинонда буданд, то ҳол “об” мехӯрад. Ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд ба як хулоса омада, сарчашмаи пайдоиши онро қатъ кунад, вагарна бо ҷоришавии оби ин чашма шумораи ин дарахтон рӯз ба рӯз зиёд мегардад. Вақте ки зиёд гардид хатар ва нооромӣ дар байни мардумони сайёра зиёд мегардад ва оқибат ба вайрон шудани ин ё он давлат оварда мерасонад. Инро бояд бо якдиливу яктанӣ мамлакатҳои Осиёи Марказӣ ва, умуман, ҷомеаи ҷаҳонӣ пешгирӣ намоянд. Тавре дар хотир дорем, дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ бар зидди Гитлери фашистӣ мардуми Иттиҳоди Шӯравӣ, аз ҷумла зиёда аз 300000 ҷавонмарди Тоҷикистон иштирок карда, фашизмро нест карданд ва дарахте, ки Гитлер мехост мустаҳкам кунад, аз решааш хушк шуд. Мо ҳамаи инро бояд ба ҷавонон фаҳмонем. Насли наврасро то ба донишҷӯ шуданаш тарбия ва таълими дуруст диҳем, то ин ки ҳар як мактабхон атрофи худро, ҷаҳони худро, давлати худро, дини худро, таърихи худро ва оқибат, кӣ будани худро дуруст дарк кунад, фаҳмида гирад. Дигар ин ки дар қаламрави шаҳраку деҳот, шаҳру ноҳияҳо дар ин хусус пайваста бо аҳли ҷомеа суҳбату мулоқотҳо гузаронем. Фарзандон, дӯстон ва наз-дикони худро ба китобхона ва китобхонӣ ҷалб намоем ва бо онҳо ҳамроҳ бошем. Шавқи онҳоро барои дар рӯзҳои истироҳатӣ ба театр ва осорхона рафтан бедор созем. Зеро имрӯз таваҷҷуҳи ҷавонон, хонандагон ва дигар табақаи ҷомеа нисбат ба театр ва ба барномаҳои фарҳангӣ, умуман, кам аст. Ба намоиши «Лӯхтак» дар деҳот ва шаҳру ноҳияҳо, «Чойхонаи мушфиқӣ», «Бӯстон» ва дигар барномаҳо бояд бисёр диққат дода шавад, ки ин боиси пешгирии ҷавонон ва ҷомеа аз ҳаракати террористиву экстремистӣ шуда метавонад.
Сайёд Файзов
-
16-01-2021, 08:00
-
17-01-2021, 09:05