Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ВОҚЕИЯТҲОРО НАМЕШАВАД ТАҲРИФ КАРД!


ВОҚЕИЯТҲОРО НАМЕШАВАД ТАҲРИФ КАРД!




Вокуниш ба маводи иғвоангези узви ТЭТ ҳизби наҳзати ислом Ш. Муҳаммад

Дар сомонаҳои алоқаманд ба ташкилоти экстремистӣ-террористии Ҳизби наҳзати ислом мақолае бо номи «Нишасти С5+1 дар ИМА: манфиати режимҳо ва интизориҳо дар минтақа» нашр шудааст, ки муаллифи он Шавкати Муҳаммад, чун ҳамеша бо сабки хос ва ғаразомези худ талош кардааст, воқеиятҳои сиёсиву иқтисодии Тоҷикистонро таҳриф намояд. Ин гуна мавод, ки зоҳиран таҳлилӣ менамоянд, дар асл кӯшиши навбатии таҳриф кардани воқеиятҳои Тоҷикистон ва паст задани нуфузи сиёсати хориҷии он мебошад. Ӯ бо шӯру шарр ва иғвоангезии хоси ҳаммаслаконаш кӯшиш кардааст, ки ҷаласаи муҳимми C5+1-ро, ки бо ҳузури сарварони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Президенти ИМА баргузор гардид, ҳамчун “бозии геополитикии режимҳо” нишон диҳад. Вале ҳақиқат комилан дигар аст. Тоҷикистон имрӯз яке аз давлатҳои босуботтарини минтақа аст, ки сиёсати хориҷии он бар пояи устувории миллӣ, ҳамкории мутавозин ва ҳифзи манфиатҳои мардум асос ёфтааст. Нишасти мазкур майдони баробарҳуқуқи ҳамкории созанда ва стратегӣ буд, ки Тоҷикистон дар он бо сиёсати мустақилона, дурбин ва асосноки худ ширкат намуд. 
Имрӯз Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ намунаи устувории сиёсӣ, суботи иҷтимоӣ ва сиёсати хориҷии мутавозин маҳсуб мешавад. Сиёсати «дарҳои кушода» ва ҳамкории мутақобилан судманд бо ҳамаи шарикон, аз Русия ва Чин то ИМА ва Аврупо, далели равшани ғайриҷонибдорӣ ва прагматизми дипломатияи тоҷик аст.
Шавкати Муҳаммад, ки аз хориҷи кишвар бо чашми сиёҳбину ғаразнок менависад, бояд дарк кунад, ки Тоҷикистон на зердаст ё мутеи касе, балки шарики эҳтиромшаванда ва соҳибобрӯи минтақавист, ки сиёсати хориҷии худро бар асоси манфиатҳои миллӣ ва ҳифзи Истиқлоли давлатӣ бунёд кардааст.
Маҳз ҳамин сиёсат боис шуд, ки Тоҷикистон имрӯз дар ҳамаи форматҳои муҳим, сар карда аз C5+1 то Созмони ҳамкории Шанхай ва Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё, мавқеи фаъол дорад.
Ширкати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи C5+1 дар Вашингтон эътирофи нақши Тоҷикистон ҳамчун кишвари калидӣ дар таъмини амният ва суботи минтақа буд. Дар шароити пуртазоди ҷаҳонишавӣ Тоҷикистон бо пешниҳоди ташаббусҳои созанда, аз ҷумла дар масоили об, энергетика, экология ва мубориза бо терроризм, ҷойгоҳи дипломатии худро мустаҳкам намудааст. Ҷомеаи байналмилалӣ хуб медонад, ки Пешвои тоҷикон аввалин роҳбари минтақа буд, ки аз минбари СММ ҳанӯз дар солҳои 2000-ум хатарҳои экстремизм ва қочоқи маводи мухаддирро ба ҳайси таҳдиди глобалӣ матраҳ кард.
Ин аст фарқ миёни сиёсатмадори воқеан миллӣ ва афроди бепояву гурезае чун Шавкати Муҳаммад, ки бо дастури хоҷагони хориҷӣ аз дур «мунаққид» шуда, бо дурӯғу таҳриф ба арзишҳои давлатдории миллӣ ҳамла мебаранд.
Иттиҳоми Шавкати Муҳаммад дар бораи “вайрон шудани ҳуқуқи инсон” дар Тоҷикистон ҳеҷ асоси воқеӣ надорад. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ буда, ҳуқуқу озодиҳои инсон дар асоси Конститутсия ва қонунҳо таъмин мегардад. Танҳо шахсе, ки худ дар сафи ташкилоти террористӣ қарор дорад ва даҳҳо амали хиёнаткоронаро ҷонибдорӣ кардааст, метавонад дар бораи “озодӣ” ва “ҳуқуқи инсон” сухан гӯяд. Аммо воқеият чунин аст, ки дар Тоҷикистон садҳо созмонҳои ҷамъиятӣ ва воситаҳои ахбори омма фаъоланд, қонун дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳо аз рӯйи принсипҳои байналмилалӣ амал мекунад. Ҳар як шаҳрванди кишвар имкони иштироки озод дар ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоиро дорад. Бояд ёдовар шуд, ки ҳуқуқи инсон, пеш аз ҳама, аз суботи ҷомеа оғоз меёбад ва маҳз ҳамин арзишро Тоҷикистон бо тамоми вуҷуд ҳифз мекунад.
Муаллиф бо беэҳтиромӣ ба миллати тоҷик “қашшоқӣ” ва “бозмонии иқтисодӣ”-ро мавриди тамасхур қарор додааст. Аммо далелҳо нишон медиҳанд, ки вазъи иҷтимоии мардуми кишвар хеле беҳтар аз он шудааст, ки Ш. Муҳаммад мепиндорад. Ҳаҷми ММД-и Тоҷикистон дар 10 соли охир беш аз ду маротиба афзудааст. Танҳо дар соли 2024 суръати рушди иқтисодӣ 7,5 фоизро ташкил дод, ки яке аз баландтарин нишондодҳо дар минтақа ва ҷаҳон мебошад.
Сармоягузории хориҷӣ ва лоиҳаҳои зерсохторӣ, аз “CASA-1000” то “Роғун” ва роҳҳои байналмилалӣ, Тоҷикистонро ба як кишвари муқтадири энергетикӣ табдил медиҳанд. Дар баробари ин, сатҳи зиндагии мардум сол ба сол беҳтар мешавад, дастрасӣ ба таҳсилот ва хизматрасонии тиббӣ васеъ мегардад, ва Ҳукумат сиёсати иҷтимоии худро бар пояи адолат ва ҳифзи табақаҳои осебпазир роҳандозӣ мекунад.
Форуми С5+1 барои Тоҷикистон имкони ҷалби сармоя, рушди зерсохтҳои нақлиётӣ, энергетикӣ ва тиҷоратӣ буд. Сухан дар бораи лоиҳаҳои мушаххас меравад, аз ҷумла дастгирии лоиҳаҳои энергетикӣ, мубориза бо оқибатҳои тағйирёбии иқлим ва таҳкими амнияти марзҳо. Ин ҳама нишон медиҳад, ки ҳадафи Тоҷикистон тақвияти иқтисоди миллӣ ва таъмини зиндагии шоистаи мардум аст, на он гуна ки муаллифи мақола мехоҳад “қудратталабӣ” нишон диҳад.
Пас, сухани кадом як ватангадои тиҳимағз, ки аз воқеият дур аст, наметавонад ин пешрафтҳоро инкор намояд.
Дар мавриди масоили амниятӣ, Тоҷикистон, дар ҳақиқат, шарики боэътимоди ҳамаи кишварҳои ҷаҳон аст. Пас аз суқути режими собиқи Афғонистон, Тоҷикистон марзи тӯлонитаринро бо ин кишвар муҳофизат мекунад ва монеи асосии паҳншавии терроризм ва қочоқи маводи мухаддир мебошад. Саҳми Тоҷикистон дар таъмини суботи минтақа ва ҳамкории зиддитеррористӣ аз ҷониби ИМА, Иттиҳоди Аврупо, Русия, Чин ва СММ ба таври расмӣ эътироф шудааст. Ба ҷойи таҳқир ва бадгӯӣ, чунин кӯшиши бомасъулиятонаи кишвари мо бояд қадр карда шавад, зеро ин амният на фақат барои мо - тоҷикон, ҳамзамон барои тамоми Осиёи Марказӣ аҳамияти баланд дорад.
Мақолаи Ш. Муҳаммад мисли садҳо матлаби дигаре, ки аз ҷониби марказҳои иттилоотии ифротгаро таҳия мешаванд, ҳадаф дорад, ки дар зеҳни хонандагон нисбат ба устувории давлатдории миллӣ ва нуфузи сиёсати Пешвои миллат шак эҷод кунад.
Аммо ҳақиқат ин аст, ки Тоҷикистон имрӯз кишвари устувор, бообрӯ ва соҳибнуфуз аст. Сиёсати дохилию хориҷии он бар манфиати миллат ва бо принсипҳои ҳамкории созанда роҳандозӣ мегардад. Ҳузури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар минбарҳои ҷаҳонӣ, аз Вашингтон то Ню-Йорк, далели возеҳи эътирофи ҷаҳонӣ ва обрӯи байналмилалии Тоҷикистон мебошад.
Давлати тоҷикон бо зиракии сиёсӣ ва ваҳдати комили мардумонаш роҳи пешрафтро интихоб кардааст ва ҳеҷ маводи ғаразолуди худбохтае наметавонад ин воқеиятро тағйир диҳад.

"Хатлон"

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода