РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО ТАНТАНА ҶАШН ГИРИФТА ШУД
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 15 ноябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Дигар матолиб / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 1
![]()
Имрӯз, 14 ноябр, дар маркази маъмурии вилояти Хатлон - шаҳри Бохтар Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомати хос таҷлил гардид.
Дар чорабинии тантанавӣ, ки бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, муассисаҳои илмӣ ва фарҳангӣ, собиқадорон, ҷавонон ва сокинони вилоят баргузор шуд, муҳити идона ва эҳтироми самимӣ ба Президенти мамлакат эҳсос мегардид.
Муовини раиси вилояти Хатлон Анзурат Абдусаломзода аз номи раиси вилоят Давлаталӣ Саид тамоми ҳозирин ва ҳамдиёронро ба муносибати ин ҷашни муҳими миллӣ табрику таҳният гуфта, нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар таҳкими давлатдорӣ, рушди устувори иҷтимоию иқтисодии кишвар ва таъмин намудани суботу оромӣ махсус зикр намуд.
Қайд карда шуд, ки Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун таҷассуми ваҳдати миллӣ, муттаҳидии ҷомеа ва пайравӣ ба сиёсати Пешвои миллат дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят ҳамасола бо самимияти баланд таҷлил мегардад.
Дар анҷом барномаи пурмуҳтавои ҳунарӣ бо иштироки ҳунармандони маъруфи вилоят иҷро шуда, ба чорабинӣ рӯҳи идона ва кайфияти махсус бахшид. Сокинон ва меҳмонон изҳор доштанд, ки таҷлили имсолаи Рӯзи Президент дар Бохтар бо шукӯҳи бештар ва дар сатҳи баланд баргузор гардид.
Ҳангомаи ИСМАТ,
«Хатлон»
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
24-07-2025, 14:29
(ДАР АСАРҲОИ САЙМУМИН ЯТИМОВ)...
-
26-01-2021, 14:00