МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БО СУНЬ ХЭ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 13 ноябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 101
![]()
Дар доираи Форуми байналмилалии “Хатлон Инвест - 2025” раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо Сунь Хэ, мушовири сафир оид ба масъалаҳои тиҷоратӣ ва иқтисодии Сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дидору мулоқот анҷом доданд.
Таъкид гардид, ки вилояти Хатлон дорои зиёда аз 700 ҳазор гектар замини корам, оби фаровони рӯдҳои Вахш ва Панҷ, иқлими мусоид барои парвариши ҳама гуна зироатҳо мебошад. Дар вилоят ҳамасола зиёда аз 100 ҳазор тонна нахи пахта, ба хориҷи кишвар содирот мегардад ва шарикони чинӣ дар вилоят ба истеҳсоли ин ашёи хоми стратегӣ муваффақ шудаанд.
Самтҳои калидии ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ, аз қабили парвариши пахта, сабзавот, мева, истеҳсоли маҳсулоти органикӣ барои содирот, технологияҳои муосири обёрии қатрагӣ, бунёди сардхонаҳо, марказҳои бастубанд ва корхонаҳои коркард мебошад.
![]()
Ҷонибҳо ба иқтидори зиёди табиии вилояти Хатлон ва фазои мусоиди сармоягузорӣ андешаронӣ намуда, иброз доштанд, ки дар қонунгузории мо барои ҳифзи соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ имтиёзҳо ва кафолатҳои ҳуқуқӣ пешбинӣ шудааст.
"Хатлон"
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
26-01-2021, 14:00