Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » САҲМИ МАРДУМ ДАР РУШДИ ДЕҲА


САҲМИ МАРДУМ ДАР РУШДИ ДЕҲА


Бахшида  ба истиқболи    30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва  Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо иқдомҳои созандаи Пешвои муаззами миллат ҳар як гӯшаи ватан ободу шукуфон гардида истодааст. 

Бо ин мақсад мардуми шарафманд ва ободкору меҳандӯсти деҳаи   Дараи Оби Ҷамоати деҳоти "Доғистон"-и ноҳияи Шамсиддин Шоҳин корҳои созандагиву бунёдкориро ба роҳ мондаанд. Деҳа дорои 286 хоҷагӣ буда. аҳолиаш 2341 нафарро ташкил медиҳад.  

Сокинони маҳал  пешниҳоди вакили деҳа Амирхон Назировро дар боби ободонии маҳаллашон тариқи дастаҷамъӣ пазируфта, ҳар яки онҳо мувофиқи имконияти хеш аз 50 то 2000 сомонӣ, муҳоҷири меҳнатӣ ва ватандӯсти деҳа  Сайидамир   Давлатов бошад 20 ҳазор сомонӣ ҷамъ оварданд.  Бар замми ин,    гарчанде деҳаи Дараи Об, минтақаи баландкӯҳ бошад ҳам, мардум тариқи ҳашар   20-30 м қишри заминро канданд ва  аз об таъмин гардиданд. 

Мардуми деҳа бо шукргузорӣ аз тинҷию оромии кишвар, пайгирӣ аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат кӯшиш мекунанд, ки то 30-солагии Истиқлолияти давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои зиёди ободониву бунёди иншооти хизмат-расониро дар деҳа ба сомон расонанд.

 

Мизробшо Назиров

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода