Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » Бунёди иншоотҳои ҷашнӣ идома дорад


Бунёди иншоотҳои ҷашнӣ идома дорад


Дар доираи омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳраку деҳоти ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бунёди 195 иншооти ҷашнӣ ба нақша гирифта шудааст. 

Тавре ки Фатҳулло Зеров, мудири шуъбаи меъмории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ иттилоъ дод, то имрӯз аз шумораи умумии иншооти ҷашнӣ сохтмони 158 лоиҳаи ҷашнӣ ба итмом расида, мавриди истифодабарӣ қарор дода шудааст. Аз ҷумла, 24 иншоот дар соли 2018 ва 68 иншоотро дар соли 2019-ум сохта ба истифода доданд. Дар соли сипаригардида бошад, бо ташаббусу ҳамдастии соҳибкорону аҳолӣ 52  иншооти гуногуни хизматрасонӣ бунёд ёфт. 

Ба гуфтаи манбаъ дар доираи корҳои бунёдкорӣ дар шаҳраку деҳоти ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ даҳҳо лоиҳаҳо, аз қабили толору майдончаҳои варзишӣ, майдончаҳои бозии кӯдакон, сехҳои дӯзандагӣ ва адрасу қолинбофӣ, таъмири роҳҳои маҳаллӣ, равшанкунонии кӯчаю маҳаллаҳо, азнавсозии пулҳои мошингузар, сохтмони бунгоҳҳои тиббӣ ва ғайраҳо амалӣ гардидааст.

Роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ тасмим гирифтааст, ки бо дастгириву ҳамовозии соҳибкорону аҳли ҷамоатчигии ноҳия, нақшаи чорабиниҳо оид ба корҳои ободониву бунёдкориро сари вақт иҷро намуда, ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар сатҳи баланд истиқбол намоянд.   

 

Ҷамолиддин САЙФИДДИН, 

«Хатлон» 

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода