Калламуши харидор
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 06 сентябр, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 538
Зиёнкориҳои калламуш ба ҳама маълум аст. Мардум аз дасти ин ҷонвари айёр ба дод омада, барои нест кардани он аз тамоми воситаю имкониятҳо истифода мекунанд. Бисёр шунидаю дидаем, ки калламушҳо “даст” ба ғорати моли халқ мезананд. Вале боз мешаванд ҳолатҳое, ки аз ин ҷонвари “ғоратгар” фоида ҳам мебинӣ. Боре ҳамсояам Баҳромҷон дар бораи калламуши фоидарасон нақл намуд, ки он таърихи дерин дорад...
Раҳмон зиндагии камбағалонаро пеш мебурду дар бисоташ як гови ҷӯшо дошт. Ҳар саҳар шир менӯшид. Як саҳар шитоб дошт, косаи ширашро нанӯшида, аз пайи кор рафт. Бегоҳӣ аз кор баргашта, дид, ки косаи шир холию дар назди он як дона яксӯма (пули Шӯравӣ) меистод. Ҳайрон буд, ки пул аз куҷо пайдо шудаасту ширро кӣ хӯрдааст.
Ин ҳолат даҳ рӯз давом кард. Рӯзе барои кушодани ин муаммо мард косаи ширро монду аз ҳуҷраи дигар назорат бурд. Баъди чанд муддат воқеаро дида, ангушти ҳайрат газид. Калламуше дар даҳон яксӯма назди косаи шир омад. Эҳтиёткорона пулро назди коса гузошту ширро хӯрд. Ҳамин тавр калламуш ҳар рӯз бо “пул”-и худ шир мехӯрд.
Соҳибхона ин дафъа шири гарм гузошт. Рӯзи дигар калламуш бар ивази шир сесӯма овард. Минбаъд Раҳмон шири гарм мегузоштагӣ шуд.
Калламуши “харидор” косаи ширро бар ивази се сӯм “мехарид”-у нӯши ҷон мекард. Бо гузашти чанд сол Раҳмон доро шуд. Аз маҳаллаи дигар хонаи калон харид. Хонаи камбағалонаашро ба ҳамсоя фурӯхта, ин сирро ба ӯ нагуфт.
Ҳамсояи бехабар калламушро дар хонааш дида, бо илоҷе онро зада мекушад. Ва ҳамон сол фурӯшандаи мағозаи деҳа бо ҷурми камомади маблағи савдо ба ҷазо кашида мешавад...
С. Аттор, “Хатлон”
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00