Модарон сулҳ мехоҳанд, на ҷанг
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 06 сентябр, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 569
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистонро дар дигар мамлакатҳо бо ободонию зебоӣ, мардуми меҳмондӯст ва сулҳу ваҳдати миллиашон муаррифӣ намудааст. Аз ин рӯ, мо-модарон ҳеҷ гоҳ намехоҳем дар кишвари биҳиштосоямон ҷангу нооромӣ шавад. Мехоҳем, ки фарзандонамон дар давлати соҳибистиқлол ба камол расанд, на мисли давлати Афғонистони ҷангзада хориву зорӣ бинанд. Ҳамеша хоҳони сулҳу ҷонибдори сулҳ ҳастем.
Тариқи иттилои шабакаи иҷтимоӣ оид ба андешаи яке аз фармондеҳони неруҳои толибон Мулло Ҷонмаҳмад Ҳамза, ки гӯё барои мудохила бар умури дохилии Афғонистон Тоҷикистонро метавонанд дар як ҳафта забт кунанд, моро низ бетараф гузошта наметавонад. Онҳо фикр доранд, ки гирифтани Тоҷикистон барояшон осон аст. Аммо хато мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки хиёнаткорон он нақшаву ниятҳои худро бо номи нави ташкилот давом додан мехоҳанд. Бояд қайд кард, ки дар кадом гурӯҳе, ки онҳо ҳастанд, ба Тоҷикистони соҳибистиқлол ба ғайр аз хавфу хатар ва сафсатаҳои бемаънӣ кори дигар надоранд.
Бинобар ин, ҳамчун модар гуфтаниам, ки ҳар як сокини кишвар зиракии сиёсии худро аз даст надода, бо ҳисси баланди масъулият амал намояд, то фирефтаи чунин ашхоси иғвоангез нашаванд. Мо Пешвои ғамхору пуштибон дорем ва ҷонибдори сиёсати Сарвари давлати Тоҷикистон ҳастем.
Зулфия ХудойдодЗОДА ,
шаҳри Бохтар
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00