Бобои Сафаралӣ: «Барои ду сол маводи аввалияи ғизоиро захира кардаам»
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 26 август, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Арсаи кишоварзӣ / Хабарҳо, Боздид 1 910
Тайи чанд вақти охир пайваста дар саҳифаҳои рӯзномаи “Хатлон” атрофи самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ ва захираи маводи ғизоӣ матлабҳои зиёде ба нашр мерасад. Бо ҳамин мақсад мо меҳмони хонаи бобои Сафаралӣ Раҷабов, сокини Ҷамоати деҳоти “Панҷоб”-и ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ гардидем.
Ӯ дар 4 сотихи замини наздиҳавлигиаш тамоми намуди маҳсулотро кишт кардааст. Ба гуфтаи бобои Сафаралӣ, дар оилаи онҳо барои ду сол маводи ғизоӣ захира карда шудааст. Замини наздиҳавлигии ин марди меҳнатӣ ҳамагӣ 8 сотихро ташкил медиҳад, ки аз ин танҳо 4 сотихаш замини корам аст. Онро самаранок истифода мебарад. Дар баъзе қисмати ин замин бори сеюм ва ё чорум аст, ки кишт мекунад. Дар нисфи замин дар навбати аввал картошка кишт шуда буд.
Ҳоло онҳо ҳосили картошкаро ҷамъоварӣ намуда, ба ҷояш кишти такрории маккаро ба роҳ монданд. Нашъунамои макка хеле хуб аст. Дар замини боқимонда бобои Сафаралӣ мехоҳад барои гузаронидани зимистон кишти сабзию карам ва кабудиро ба роҳ монад.
То ба имрӯз зиёда аз 150 банка маҳсулот, аз қабили қиёми помидор, шакароб, бодиринги шӯр, ва мураббою шарбат омода карда, барои гузаронидани зимистон захира намудаанд.
-Ман қариб нисфи умрамро дар саҳро бо кишоварзӣ сипарӣ намудаам. Вақти кишти дилхоҳ маҳсулот болои сари фарзандону набераҳо меистам ва ба онҳо тарзи дуруст шинондани зироатро меомӯзам. Ҳамин аст, ки мо аз ҳама намуди маҳсулоти кишоварзӣ ҳосили дилхоҳро ба даст меорем,- мегӯяд бобои меҳнатӣ Сафаралӣ Раҷабов. -Ин зироатҳоро дар замини наздиҳавлигӣ мекорем ва аз бозор намехарем.
Вақте нархи бозор боло меравад, дар хонаи мо ҳеҷ ташвише нест. Аз ин рӯ, агар сокинони кишвар заминҳои наздиҳавлигиашонро дуруст истифода баранд, талабот дар бозор кам мешавад ва нархҳо боло намераванд. Бо он маблағе, ки аз бозор пиёз, помидор, бодиринг, боқлаҷон, қаланфури булғорӣ, кабудӣ, картошка ва ба монанди инҳоро харидорӣ мекунем, як мушкилии дигари хонаро бартараф мекунам,-идома дода гуфт бобои Сафаралӣ.
Ӯ соли 1938 таваллуд шудааст. Соҳиби 10 фарзанд мебошад. Сафаралӣ Раҷабов собиқадори меҳнат буда, солҳои пеш ба ҳайси механизатор кор кардааст. Як замон сардори бригада шуда кор кардааст. То ин дам ба хотири меҳнати ҳалол карданаш ба чандин мукофотҳои Иттиҳоди Шӯравӣ сарфароз гардонида шудааст.
Оилаи бобо 6 нафарро ташкил дода, зиндагии осуда доранд. Аҳли оилаи Сафаралӣ Раҷабов пайваста суханрониҳои Пешвои миллатро гӯш карда, сармашқи кори худ мекунанд. Ӯ мегӯяд: «Ман бо рӯёнидани ҳосили фаровон мехоҳам дар таъмини амнияти озуқавории ҷумҳурӣ саҳм гузорам».
Набиҷони Саидаброр, “Хатлон”
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00